Сафари Помпео ба Олмон лағв шуд. Русия аз мулоқоти нав бо Лавров хабар дод

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ногаҳон ва чанд соат пеш аз сафараш ба Берлин бо далели, ба гуфтаи сухангӯяш “масоили муҳим” барномаи боздид аз Олмонро бекор кард. Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки “мутаассифона, ба хотири бархе масоили муҳим, мо бояд нақшаи сафари Берлинро бозбинӣ кунем”.

Ортагус гуфт, ки нақшаи дидору гуфтугӯҳо бо садри аъзам Ангела Меркел ва вазири хориҷии Олмон Ҳейко Маас бознигарӣ мешавад.

Помпео феълан дар Финляндия буда, дар ҷаласаи Шӯрои Қутби Шимол иштирок мекунад. Қарор буд ӯ рӯзҳои 5 то 9 май аз Лондон ва Гринландия дидан кунад, вале феълан маълум нест, ки ин сафарҳояш бетағйир боқӣ мемонад ё на.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки Русия ба мулоқоти вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров ва Помпео омодагӣ мебинад, ки қарор аст 14 май дар шаҳри соҳилии Сочӣ баргузор шавад. Ин мулоқоти дуюми раҳбарони сиёсатҳои хориҷии Русияву ИМА дар давоми як ҳафта хоҳад буд. Мулоқоти ахири онҳо 6 май дар ҳошияи Шӯрои Қутби Шимол баргузор шуд.
Помпео шоми 6 май гуфт, ки бо Лавров “гуфтугӯи хубе” дошт. Ӯ гуфт:

“Мо манфиатҳои худро дорем, ки табъан мухталиф ҳастанд. Ин хоҳиш баён шуд, ки роҳҳали пешрафте дар масоиле пайдо шавад, ки дар он манфиатҳои ҷонибҳо бо ҳам бархӯрд мекунанд ва ин бархӯрд ҳадди аксар камтар шавад. Умедворем, ки мо ба ин ҳадаф даст меёбем”.

Лавров ин мулоқотро “созанда” арзёбӣ кардааст. Гуфтугӯҳо дар пасманзари бӯҳрони сиёсии Венесуэла баргузор мешавад, ки дар ин баҳс Русия аз президент Николас Мадуро ва ИМА аз раҳбари мухолифон Ҳуан Гуайдо ҷонибдорӣ мекунанд.