"Мехондему мерақсидем, бехабар аз он ки заҳролуд мешавем"

Дар як ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди кумаки моддӣ ва имтиёзҳо ба иштирокдорони садамаи Чернобил хабар доданд.

Бибигул Саъдиева, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷабрдидагони ин фоҷиаи 33 соли пеш аст, аммо мегӯяд, солҳо боз наметавонад як порча заминро соҳиб шавад, то худу пайвандонашро аз дарди бехонагӣ раҳо кунад.

Ӯ маъюби гуруҳи севум аст ва дар оғози солҳои 2000-ум барои гирифтани порчаи замин ба мақомоти Душанбе дархост додааст. "Онҳое, ки баробари мо муроҷиат карда буданд, замин гирифтаанд. Нисбат ба мо бетаваҷҷуҳӣ шуд", -- шиква кард ӯ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ.

"Ҳанӯз дар навбат аст"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳаётой Мӯъминова: "Онҳое, ки роҳи занонро ба саҳна боз карданд, қаҳрамонанд". ВИДЕО

Дар идораи замини пойтахт вуҷуди аризаи Бибигул Саъдиеваро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ариза соли 2006 ба дасти онҳо расидааст ва "ҳанӯз дар навбат аст".

Бибигул Саъдиеваи 60-сола мегӯяд, ҳоло ҳамроҳи чаҳор фарзанд дар як ҳавлии хурд дар пойтахт иҷоранишин аст ва шавҳараш низ онҳоро тарк кардааст.

Саъдиева узви пешини ансамбли "Чаман" ё дастаи бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон аст. Ин даста соли 1986 барои иштирок дар ҷашнвораи "Баҳори ҷавонони Киев" ба Украина рафта буд. Он шабу рӯз дар нерӯгоҳи атомии Чернобил таркиш рух дод ва пайомадаш барои аъзои гуруҳ бетаъсир намонд.

"Аз Тоҷикистон 32 нафар рафта будем. Баъди ду рӯзи сафари мо таркиш шуд. Нагузоштанд, ки ба Тоҷикистон баргардем. Гуфтанд, ки аз рӯи барнома амал карда, барои бартарафкунандагони пайомади фоҷиа консерт диҳед. Аз субҳ то шом мерақсидему мехондем, табъи мардумро шод мекардем, вале бехабар аз он ки худамон заҳролуд мешавем. Баъди ду моҳ ба ватан баргаштем", -- нақл кард ӯ.

"Бо хурсандӣ рафтем, бо дард баргаштем"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Агар ихтиёрӣ мебуд, ба Чернобил намерафтам." ВИДЕО

Ҳамсуҳбати мо гуфт, баъди чанд муддати баргаштан дар бадани худ дардро эҳсос кард ва дертар аз табибон фаҳмид, ки натиҷаи осори таркиши Чернобил будааст. Ӯ гуфт, "ҳар шаб ҷигару талхадон ва меъдаам дард мекунаду месӯзад. Шабҳо аз дард хоб надорам."

Дар гузашта иштирокдорони амалиёти бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Чернобил гуфта буданд, ки ин ҳодиса нафақат ба онҳо, балки ба фарзандонашон ҳам зиён расондааст. Баъзе аз онҳо маъюб ба дунё омада, баъзеи дигар аз диққи нафас, камхунӣ, бемории дил, асаб, устухон, бемории пӯст ва бемориҳои эндокринологӣ азият мекашанд.

Бибигул Саъдиева ба ҳайси маъюби гуруҳи севум ҳар моҳ 500 сомонӣ, муодили 50 доллари амрикоӣ нафақа ва соле як дафъа 1500 сомонӣ, муодили 150 доллар ҷуброни зарар мегирад. Мегӯяд, ин пул ба зиндагии рӯзмаррааш нӯг ба нӯг мерасад ва барои гирифтани хона ва ё замин кофӣ нест.

Азбаски ӯ маъюби гуруҳи севум аст, панҷоҳ дарсади пули хадамоти тиббиро медиҳад, вале маблағи барқу обро пурра мепардозад.

Посухи мақомот

Маҳмадсафо Раҷабализода, раиси Идораи замини шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, Саъдиева набояд ноумед шавад. "Баробари пайдо шудани имконият, ҳамчун шахси эҳтиёҷманд, соҳиби қитъаи замин хоҳад шуд", -- гуфт ӯ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, бори охир ба афроди эҳтиёҷманд соли 2012 қитъаи замин ҷудо шуда, соли 2018 ба баъзе аз муҳоҷирони экологӣ барои сохтмони манзил замин додаанд.

Ӯ афзуд: "Дар чаҳор ноҳияи пойтахт комиссия кор мекунад. Онҳо ин масъаларо мебинанд, баррасӣ мекунанд. Агар, воқеан, эҳтиёҷманд аст, дар доираи имконятҳо барояш қитъаи замин дода мешавад."

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ, гуфт, қонунгузории кишвар барои собиқадорони Чернобил ҷудо намудани қитъаи заминро пешбинӣ накардааст. Вале афзуд, "мақомот бояд ба афроде ба мисли Бибигул Саъдиева барои пайдо намудани сарпаноҳ авлавият диҳанд".

Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибатҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.

Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.