Ҳимояти Амрико аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ

Маҳалли суқути як мушаки Ҳамос дар Исроил

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаи ошӯбгарони фаластинӣ ба Исроилро маҳкум кард ва гуфт, аз ҳаққи Исроил барои муҳофизат аз худаш ҳимоят мекунад. Баёнияи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи 4-уми май нашр шуд.

Аз ин пештар ошӯбгарони фаластинӣ ба Исроил 400 мушак андохтанд ва дар посух ба он Исроил ба 200 мавзеъ дар Навори Ғазза зарба зад, ки дар натиҷаи он чанд нафар кушта шуданд. Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, як зани ҳомила ва кӯдаки навзоди ӯ аз ҷумлаи қурбониён ҳастанд.

Аммо сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки фаластиниён дар натиҷаи мушакандозиҳои Ҳамос, ки кушта шудаанд, чун мушакҳо пеш аз расидан ба ҳадафашон таркидаанд. Пулис ва матбуоти Исроил гуфт, дар ҳамлаҳои мушакии фаластиниён ба шаҳри Ашкелон як марди исроилӣ ба ҳалокат расидааст.

Морган Ортагус, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш ҳамлаи Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳамос ба мардуми бегуноҳ дар Исроилро маҳкум мекунад ва хост, ҳамлаҳоро фавран бас кунанд. Муноқиша баъд аз он авҷ гирифт, ки Исроил рӯзи 3-уми май бо як ҳамлаи ҳавоӣ ду тундгарои созмони Ҳамосро кушт.