Мақомоти тандурустии Ғазза аз кушта шудани се фаластинӣ дар марз бо Исроил хабар доданд.
Ба гуфтаи онҳо, як фаластинӣ дар ҷараёни эътирозҳо ва дуи дигар дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи ҷумъаи 3 май рӯй додааст.
Артиши Исроил хабар дод, ки ду сарбозаш дар як тирандозӣ дар марз захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ҷониби Исроил, дар пайи ин тирандозӣ ҳавопаймоҳои ҷангиаш болои як пойгоҳи низомии ҷунбиши “Ҳамос” ҳамла карданд. “Ҳамос” назорати Ғаззаро дар даст дорад.
Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Исроил ҷунбиши “Ҳамос”-ро созмони террористӣ мешиносанд.
Таниш миёни Исроил ва Ғазза дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои фаластинӣ ба қаламрави Исроил мушак партоб карданд ва дар ҷавоб ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ҳадафҳоро дар борикаи соҳилӣ бомбаборон кард.
Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, аз моҳи март ба ин сӯ дар ҷараёни эътирозҳо дар марз бо Исроил 270 фаластинӣ кушта шудаанд.