Дар Афғонистон 175 узви Толибонро аз зиндон озод мекунанд

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт, ки муносибати Иди Рамазон тасмим гирифт 175 зиндонии узви гурӯҳи Толибонро афв кунад. Дар суханронии худ дар поёни кори Лоя Ҷирга рӯзи 3 май дар Кобул президенти Афғонистон гуфт, ки ба унвони “ҳусни ният” омода аст то поёни моҳи шарифи Рамазон аъзои гурӯҳи тундравро, ки “аз солиёни пеш зиндонӣ ҳастанд”, аз банд раҳо кунад.

Ин изҳороти Ашраф Ғанӣ дар поёни рӯзи чоруми Лоя Ҷирга садо дод, ки ҷаласаи машваратӣ барои сулҳ мебошад. Дар ин ҷаласа сиёсатмадорону раҳбарони қабилаҳо ва пешвоҳои гурӯҳҳои қавмию динӣ барои поён додан ба низоъҳои ду даҳсола дар Афғонистон, хостори оташбаси фаврӣ шуданд. Наздик ба 3200 намоянда, ки ба даҳҳо кумитаву гурӯҳҳои корӣ ҷудо шуда буданд, дар давоми чор рӯз дар шаҳри Кобул таҳти чораҳои сахти амниятӣ ҷаласа барпо карданд, то барои расидан ба созишномаи сулҳ бо гурӯҳи мусаллаҳи Толибон, забони ягона пайдо кунанд.

Аз рӯи хабарии як телевизиони давлатӣ, Лоя Ҷирга ҳамчунин барои табодули зиндониён ва ифтитоҳи идораи Толибон дар Афғонистон даъват кардааст.

Дар вокуниш ба дархости Лоя Ҷирга барои оташбас, президенти Афғониcтон Ашраф Ғанӣ, ба қавл аз хабагузории AFP гуфтааст, ки ӯ омода аст “дархости одилона ва қонуниро” барои оташбас иҷро кунад, аммо таъкид кардааст, ки ин ҷараён “наметавонад якҷониба бошад”. Дар Лоя Ҷирга гуфта шуд, ки ҳукумати Кобул бояд бо ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди сулҳ нақши марказӣ дошта бошад. Дар ин ҷаласа ба ҳимояти ҳуқуқи занон ҳам таъкид шуд.