Валерий Чивери шурӯъ аз 11 майи соли ҷорӣ ба иҷрои вазифаҳои раҳбари дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Ҳарчанд ҷаноби Чивери мудири барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон унвон мешавад, аммо вай мақоми сафирӣ хоҳад дошт. Ваколатҳои Туула Юрюла, мудири пешини барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон 31 октябри соли 2018 анҷом ёфта ва то ҳол роҳбарияти ин созмони байналмиллалӣ ба вазифаи намояндаи худ дар Тоҷикистон номзадеро интихоб накарда буданд. Дар солҳои мудирияти хонум Юрюла дар дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳода, Душанбеи расмӣ ин созмонро дар фароҳам кардани минбар барои мухолифонаш дар Варшаваи Лаҳистон аз ҷумлаи аъзои ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзат айбдор мекард. САҲА низ бо дарназардошти бархе аз маҳдудиятҳо теъдоди кормандонаш дар Тоҷикистонро коҳиш дод, аммо умедвор аст, ки бо оғози фаъолияти мудири нави барномаҳо дар Душанбе муносиботи ду ҷониб беҳтар мешаванд.