Гутереш аз раҳбари Чин хост, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. ВИДЕО

Антонио Гуттереш бо Си Ҷинпин

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутереш дар мулоқоти охири худ бо президенти Чин Си Ҷинпин вазъияти ақаллиятҳои уйғурро баррасӣ кардааст. Ӯ аз роҳбари Чин хостаст, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.

Сухангӯи Созмони Милал Стефан Дуҷорик рӯзи 29-уми апрел гуфт, Гутереш ба Си Ҷинпин гуфтааст, "ба ҳуқуқи инсон бояд пурра эҳтиром гузошт, ҳатто ҳангоми мубориза ба терроризм ва экстремизм".

Гутереш рӯзи 26-уми апрел дар Пекин бо Си Ҷинпин вохӯрдааст. Дуҷорик гуфт, мулоқот "хеле самимӣ ва боз" буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гутереш аз раҳбари Чин хост, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад

Изҳороти дабири кулли СММ пас аз он садо дод, ки раиси иҷроияи созмони Дидбони ҳуқуқи башар Кеннет Рот дар рӯзномаи "Вашингтон Пост" Гутерешро барои "хомӯшиаш дар бораи ҳуқуқи башар" танқид кардааст.

Чин барои нигоҳ доштани тақрибан 1 миллион уйғур ва мусалмонони дигар дар "марказҳои бозомӯзӣ" зери танқидҳои сахт мебошад. Фаъолони ҳуқуқи башар ин марказҳоро "урдугоҳҳои зиндониён" меноманд.