Додгоҳи шаҳрии Бишкек 29 апрел қарор кард, ки гумонбарони парвандаи фасодкорӣ дар бозсозии Маркази гармидиҳии пойтахти Қирғизистон дар ҳабси пешакӣ бимонанд. Вакилони дифои айбдоршавандаҳо хоста буданд, ки ҳукми ҳабси пешакии онҳо ба ҳабси хонагӣ иваз карда шавад.
Аз ин пеш, Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек муҳлати ҳабси гумонбаронро то 12 июни соли равон дароз карда буд.
Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек се парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор аст. Тафтишот мегӯяд, шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.
Ҳашт тан аз мансабдорони баландпояи Қирғизистон - аз ҷумла сарвазирони пешин Сафар Исҳоқов ва Жантор Сатиболдиев, вазири пешини энержӣ, раиси пешини Холдинги миллии энержӣ, роҳбари ширкати пойгоҳҳои барқӣ, вазири молияи Қирғизистон дар доираи парвандаи мазкур айбдор мешаванд.
Додситонии кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов пештар гуфт, тафтишот ҳамчунин ба кори президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев низ баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.