Дар пойтахти Қазоқистон шоми 28 апрел даҳҳо ҷавон ба ҷонибдорӣ аз фаъолони мадание ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд, ки дар ҷараёни марафони Алмато барои шиори "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест" боздошт шуданд.
Ҷамъомадагон дар даст лавҳаеро бо акси фаъолони боздоштшуда -- Осия Тулесова, Бейбарис Толимбоев, Суинбике Сулаймонова, Айдос Нурболатову Ойгул Нурболатова ва навиштаи "Қаҳрамонҳои мо" доштанд. Яке аз онҳо пироҳанеро бо навиштаи "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест. Ман интихоб дорам" ба бар карда буд.
"Вакили дифоъ дар додгоҳ бегуноҳии фаъолонро собит кард, вале бо ин вуҷуд онҳоро 15 рӯз ҳабс карданд. Кормандони пулис дар санад фаъолонро туҳмат задаанд, ки гӯиё дар даст шиори "Пешвои миллат - таҳқири миллат"-ро доштанд. Вале дар асл дар лавҳаи онҳо "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест. Ман интихоб дорам" навишта шуда буд. Додрас ва маъмурони пулиси мо чеҳраи воқеии худро нишон доданд", - гуфт яке аз иштирокдорони ҳамоиш.
Ёдрас мешавем, пулиси Қазоқистон 21 апрел дар ҷараёни марафони Алмато панҷ фаъоли маданиро барои лавҳаи дасташон бо шиори "Аз ҳақиқат наметавон гурехт" боздошт кард. Фаъолон дар риоя накардани банди "Нақзи тартиби ташкил ё баргузории ҷамъомадҳо"-и Кодекси маъмурии Қазоқистон айбдор шуданд.
Додгоҳи шаҳри Алмато 22 апрел фаъолон Айдос Нурболатов, Ойгул Нурболатова ва Суинбике Сулаймоновароро 20 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда - 2 525 танга) ҷарима кард.
Фаъолон Осия Тулесова ва Бейбарис Толимбоев бо ҷурми нақзи қисми 3-и банди мазкур худи он рӯз 15-рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Вакили дифои Тулесова 26 апрел хабар дод, ки шахси зери ҳимояи ӯ аз 23 апрел дар эътироз ба қарори ҳабсаш гуруснанишинӣ эълом кардааст.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ва Amnesty International фаъолони боздоштшударо "маҳбусони озодии баён" номида, аз мақомоти қазоқ даъват карданд, ки онҳоро озод кунанд.