Номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон 9 кас шуданд

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи 9 июни соли равон ба поён расид. Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) гуфт, номзадии 9 нафарро ба қайд гирифтааст.

Ба огаҳии КМИҚ, рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта рӯзноманигор Содибек Тугел низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Номзадии ӯ аз сӯи ҳаракати "Ұли дала Қирандари" пешбарӣ шудааст.

23 апрел иштирокдорони анҷумани Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон низ аз номзадии Қосимҷомарт Тоқаев ба мақоми президентӣ ҷонибдорӣ карданд. Номзадии ӯро президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод карда буд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ҳам 24 апрел номзади худ Амонкелдӣ Таспиховро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Ҳизби "Оқ жол" ​Дания Еспаева, ҳизби "Ауил" Толеутай Рахимбеков, Ҳизби коммунистии Қазоқистон Жамбил Аҳмадбеков, Иттиҳоди сохтмончиёни Қазоқистон Талгат Ергалиев ва ҳаракати "Улт тагдири" Амирҷон Косановро пешбарӣ кардаанд.

Ҳизби мухолифи умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон эълом кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентиро таҳрим мекунад.

Дар Қазоқистон солҳои 1991, 1999, 2005, 2011 ва 2015 интихоботи президентӣ баргузор шуда, се тои ахири онҳо пеш аз муҳлат буданд. Дар ҳамаи ин интихоботҳо Нурсултон Назарбоев баранда эълом гаштааст. Нозирони Ғарб ягон бор интихоботи президентии Қазоқистонро мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф накардаанд.