Қарор аст, рӯзи 29-уми апрел дар шаҳри Кобул ҷаласаи Лоя Ҷирга, маҳфили қабиласолорон, рӯҳониён ва шахсиятҳои шинохта дар Афғонистон сурат бигирад ва дар он талошҳои сулҳ ба раҳбарии Амрикоро баррасӣ кунанд. Ба ин ҷаласа ду ҳазор нафар аз саросари кишвар даъват шудаанд.
Умар Довудзай, намояндаи хоси Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 28-уми апрел гуфт, Лоя Ҷирга заминаро барои “гуфтугӯҳои байнулафғонӣ” бо Толибон фароҳам мекунад. Чанде аз мақомоти баландпояи Афғонистон, аз ҷумла Абдулло Абдулло, раҳбари ҳукумати иҷроия аз ширкат дар ҷаласаи мазкур даст кашидаанд.
Ба қавли Довудзай, гуфтугӯҳо бо Абдулло Абдулло ва дигар афроди баландпоя барои мутақоид кардани онҳо ба ширкат дар ҷаласаи Лоя Ҷирга идома дорад. Ба гуфтаи ӯ дар ин нишаст, мавқеи ҳукумати Афғонистон барои ҳаргуна гуфтугу бо Толибон дар оянда таъйин мешавад.