Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 26 апрел зидди коркарди конҳои уран эътироз баргузор шуд. Эътирозгарон талаб доранд, ки иҷозатномаи ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" барои коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл бозхонд ва ба коркарди уран дар саросари кишвар моратория эълом шавад.
Ширкатдорони эътироз ҳамчунин талаб карданд, онҳое, ки ба коркарди уран иҷозатнома додаанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.
Қубодбек Боронов, ноиб-сарвазири Қирғизистон хабар дод, ки иҷозатномаи истихроҷи уран аз ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" бозхонд шудааст.
Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.
Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд.
Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.
Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.