Шиносномаҳои Донбасс ба Русия солона 100 млрд рубл "зиён" меоранд

Додани шиносномаҳои русӣ ба сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар Донбасси Украина ба Бунёди нафақаи Русия солона харҷи иловагиеро дар ҳаҷми аз 100 то 175 миллиард рубл хоҳад овард.

Президенти Русия Владимир Путин 24 апрел бо имзои як фармон дарёфти шиносномаҳои кишварашро барои сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар Украина осон кард. Рӯзноманигорони нашрияи The Bell ҳисоб карданд, ки Русия ба сокинони он минтақаҳо баъд аз дарёфти шиносмаи русӣ солона чи қадар бояд нафақа диҳад.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон беш аз як миллион нафақахӯр бояд ба сар баранд. Агар ҳамаи онҳо аз Русия нафақа талаб кунанд, пас ҳаҷми умумии солонаи ин маблағ аз 100 то 175 миллиард рублро ташкил хоҳад дод.

The Bell мегӯяд, Русия як қисми ин харҷҳоро бояд пештар бар зимма мегирифт, чун Украина пардохти нафақаро ба сокинони минтақаҳое, ки аз идораи Киев берунанд, дар соли 2014 қатъ кард. Ба ҳисоби Reuters, Русия танҳо ба сокинони як минтақа бояд солона то 50 млрд рубл медод.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аз фармони содагардонии дарёфти шиносномаҳои русӣ ба сокинони Донбасси Украина сахт танқид карданд. Рӯзи панҷшанбе бо даъвати Украина ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ баргузор шуда, ин кишварҳо бори дигар гуфтанд, ки иқдоми Русия хилофи ду созишномаи марбут ба ҳалли низои Украина аст.