Ҳаҷвнигор Владимир Зеленский, ки дар даври дувуми интихоботи президентии Украина пирӯз шуд, рӯзи панҷшанбе бо нашри як паёми видеоӣ Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ)-ро ба таъхиркорӣ дар эъломи натиҷаҳои интихобот айбдор кард.
Ба гуфтаи Зеленский, КМИ эъломи натиҷаҳои интихоботро махсус ба таъхир меандозад, то порлумони Украина маросими савгандёдкунии ӯро дар рӯзи 27 май эълом накунад. Дар он сурат Зеленский низ наметавонад фармони парокандашавии порлумони Украинаро содир кунад.
Бар пояи қонунҳои Украина, президент ҳақ дорад, порлумонро ним сол пеш аз анҷоми муҳлати ваколати он пароканда кунад. Ваколати порлумони Украина 27 ноябр ба поён мерасад.
"Ҳама талошҳо барои онанд, ки ман ҳатто дар бораи пароканда кардани порлумон фикр накунам. Вале ҳамааш хуб мешавад. Вақте низом метарсад, ин маънои онро дорад, ки мо бар ҳама пирӯз мешавем", - гуфт ӯ.
Пештар раиси порлумони Украина Андрей Парубий гуфт, барои пароканда кардани порлумон ҳеч асосеро намебинад. Ба гуфтаи ӯ, агар асосе ҳам пайдо шавад, президент наметавонад онро пароканда кунад.
Ба иттилои КМИ Украина, Зеленский дар даври дувуми интихоботи президентӣ 73,22 дарсад ва президенти кунунӣ Петр Порошенко 24,45 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд. Зеленский бояд то 3 июни соли равон корро ба ҳайси президент оғоз кунад.