Дар Узбекистон омӯзгорон дар ҳавлиҳои худ иҷборан гармхона месозанд

Дар ноҳияи Хиваи вилояти Хоразми Узбекистон мансабдорони маҳаллӣ омӯзгоронро маҷбур доранд, ки дар заминҳои наздиҳавлигии худ гармхона созанд.

Як омӯзгор гуфт, аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки бо хоҳиши худ аз ҳисоби маошашон гармхона мехаранд. Ба гуфтаи омӯзгорон, гармхона дар бозор 180 доллар арзиш дорад, аммо мақомдорон мехоҳанд, чунин гармхонаҳоро ба онҳо 360 долларӣ фурӯшанд.

"Ин кори ихтиёрӣ аст. Мо тавсия додем, ки дар заминҳояшон гармхона созанд ва зимистон аз меваву кабудии он истифода баранд. Вале мо касеро маҷбур накардаем", - гуфт Даврон Оллоназаров, мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Хива.

Ин дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, на танҳо омӯзгорон, балки мураббиёни боғчаҳо ва кормандони бонкҳо низ иҷборан гармхона мехаранд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев борҳо дар суҳбатҳояш зикр кард, ки "гармхона манбаи даромад аст".