Ӯро ин дафъа на ба маҳфили гӯруғлихонӣ, балки ба ҷашнвораи ҷаз дар Душанбе даъват карданд. Азизбек Зиёев, ки рӯи кати ҳавлиаш бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, ба ин ҷашнвора меравад.
Вазни ҷаз комилан дигар аст. Ҷаз ин озодии гуфтору оҳанг мебошад. Ба ин далел ҷаз ба намудҳои мусиқии тоҷикӣ ҳеҷ умумият надорад.
“Хониши ҷаз хоси афроди заҳматкаши африқоӣ ва амрикоист, ки аз сарнавишти талхи худ достонсароӣ мекунанд. Ғурӯғлихонӣ низ аслан ҳамин ҳадафро дорад ва зимни хониши ин сурудҳо мо дарди дил мекунем ва аз мушкили зиндагӣ ва муносибатҳои байни одамон қисса мекунем”, - гуфт ӯ.
Баргузоркунандагони ҷашнвораи шашуми этно-ҷаз дар Душанбе эълон карданд, ки ин дафъа овозхонҳои равияҳои гуногунро даъват кардаанд, то ба ҷашнвора рангу бӯйи дигар бахшанд.
Фюжен-ҷаз чист?
Дар миёни овозхонҳои дигари даъватшуда ба ҷашнвора Иқбол Завқибеков, мутриби гурӯҳи ҷази “Роҳи абрешим” низ ҳаст, ки бори шашум дар он ширкат мекунад. Ин даъфа суруди навашон бар асоси оҳангҳои мардумӣ таҳия шудааст.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аъзои гурӯҳи мо асбоби мусиқии мардумиро истифода мекунанд. Оҳангҳои мо ба асоси сурудҳои мардуми кӯҳистон таҳия шудаанд. Албатта, мо дар сурудаҳои худ аз унсури ҷаз истифода мекунем ва ба ин далел чунин шакли овозхонии моро метавонад фюжен ҷаз унвон кард, вале он ҳам омехта бо унсури оҳангҳои мусиқии мардумӣ мебошад”.
Иқбол Завқибеков афзуд, аъзои гурӯҳ зимни навохтани оҳангҳо аз асбоби мусиқии тоҷикӣ, ба монанди тору сетору даф ва ҳам аз бузукии ирландиву ҷембои лотинӣ истифода мекунанд.
Вай мегӯяд, ки этно-ҷаз омезиши ҷази классикӣ бо унсури миллии мусиқӣ мебошад: “Ҷаз рушд кард ва ба кишварҳои зиёд паҳн шуд. Тоҷикон низ бо изофаи оҳангҳои миллии худ ба ҷаз шукӯҳ бахшиданд. Албатта, ҷази мо классикӣ нест ва асоси онро оҳангҳои миллии тоҷикӣ пур мекунанд.”
"Ҷаз ба мусиқии тоҷикӣ ҳеч умумият надорад"
Баҳоваддин Неъматов, устоди консерваторияи Тоҷикистон ва фарзанди овозхони машҳур Баҳодур Неъматов, ба ин назар аст, ки миёни ҷаз ва оҳангҳои тоҷикӣ ҳеҷ умумият вуҷуд надорад. Ҳарчанд, худи Баҳоваддин Неъматов дар ҷашнвораи этно-ҷаз дар Душанбе ширкат мекунад, вале танҳо ба унвони навозандаи фортепиано.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вай мегӯяд, “оҳангҳои тоҷикӣ хеле ҷаззобанд, вале ҷаз танҳо аккордҳои мафтункунанда дорад. Вазни ҷаз комилан дигар аст. Ҷаз ин озодии гуфтору оҳанг мебошад. Ба ин далел ҷаз ба намудҳои мусиқии тоҷикӣ ҳеҷ умумият надорад. Ҷаз танҳо дарди дили сокинони Африқо мебошад, ки аз хастагӣ ва сарнавишти талхи худ шикоят мекунанд”.
Ҷасур Халилов, аз баргузоркунандагони ҷашнвораи этно-ҷаз дар Душанбе, мегӯяд, дар ҷашнвора 9 гурӯҳи овозхонҳои ҷаз аз кишварҳои минтақаву Фаронса ва Швейтсария ширкат мекунанд. Ҷашнвора, ки рӯзи 26-уми апрел оғоз меёбад, се рӯз идома мекунад ва дар кохи нави “Суруш” дар Душанбе сурат мегирад.