Аз нишеб шудани санг ва кӯҳпора дар роҳи Душанбе – Хуҷанд як нафар ҷон бохта ва равуои мошинҳо дар ин роҳ муваққатан қатъ шудааст.
Ин ягона роҳи мошингард аст, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад ва гузаштан аз он пулакӣ аст. Нигоҳубин ва ҷамъоварии пули ин роҳро ширкати IRS ба уҳда дорад.
Як намояндаии ширкат рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳ аз соати даҳи шаби гузашта бастааст.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, рехтани санг дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабаби марги як ронандаи чиҳилсола шудааст. Ҳодиса рӯзи 24-уми апрел дар километри 155-уми шоҳроҳ рӯй додааст. Ронандаи мошини “Тойота Прадо”-ро аз зери сангреза берун овардаанд.
Аз офатҳои табиӣ дар як ҳафтаи охир дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба камияш панҷ нафар ҳалок шуданд. Рӯзи 24-уми апрел селе, ки ба ноҳияи Файзобод омад, ду нафарро кушт. Як ҳафта пеш дар ноҳияи Турсунзода низ аз сел як навраси 16-сола ҷон дод.
Мақомот даҳҳо оиларо дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳавлиҳояшон берун ва ба ҷои бехавф кӯчонданд, то дар зери сел намонанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эълон кард, ки то охири моҳи апрел хатари омадани сел ва фаромадани тармаву рехтани санг зиёд аст. Аз сокинон хоста шудааст, дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.