Украина аз фармони ахири Путин ба СММ шикоят бурд

Киев аз фармони президент Владимир Путин дар бораи сода гардонидани раванди дарёфти шиносномаҳои Русия ба сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба Шӯрои амнияти СММ шикоят бурд.

Дар ин бора намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко дар Твиттер хабар дод.

Дипломати украин гуфт, иқдоми раҳбарияти Русия хилофи созишномаи Минск аст. Пештар ситоди президенти нави Украина Владимир Зеленский даъват карда буд, ки дар робита ба фармони мазкур фишорҳои дипломатӣ ва таҳримҳо зидди Москва пурзӯр карда шаванд.

Намояндаи махсуси Департаменти давлатии ИМА дар умури Украина Курт Волкер гуфт, фармони Путин дар бораи содагардонии дарёфти шиносномаҳои Русия иғвоангезона ва ҷузъи "нақшаи ишғолгарӣ" аст.

Владимир Путин рӯзи чоршанбе фармонеро имзо кард, ки ба сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина имкон медиҳад, ба осонӣ шиносномаҳои Русияро дарёфт кунанд. "Дарёфти шаҳрвандии Русия бо ҳадафҳои башардӯстона ва ба хотири ҳимояти ҳуқуқу озодии инсон" сода гардонида шуд", - омадааст дар фармон.