Ду блогнависи тошкандиро, ки оғози моҳи ҷорӣ дар авбошӣ дар бинои Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон айбдор карда буданд, ба боздоштгоҳи тафтишотии Хадамоти давлатии амният интиқол доданд. Ҳамакнун онҳоро дар тундгароӣ айбдор мекунанд.
Блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остонов, ки пештар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буданд, акнун ҳамчун тундгаро муҳокима мешаванд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд.
Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Ӯзбекистон дар телефонҳои ҳамроҳи ин ду блогнавис маводи таблиғотии гуруҳҳои тундгаро ва созмонҳои мамнуъро пайдо кардаанд.
Нисбати ду блогнавис бо моддаи "Омодасозӣ, нигаҳдорӣ, паҳн ва ё нишон додани маводе, ки ба амният ва суботи ҷамъият хатар дорад" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин парванда то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Блогнависон Рустам Карими 43-сола ва Тулқин Остонови 47-сола ба Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон рафта, дар бораи манъи пушиши ҳиҷоб ва иҷозатномаи маҳсулоти ҳалол бо намояндагони Идора баҳс карданд. Баъди берун шудан аз Идора мақомот блогнависонро боздошт ва ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.