Пулиси Шри Ланка гуфт, теъдоди қурбониёни таркишҳои маргбор дар шаҳри Коломбо пойтахти кишвар аҳ 310 нафар гузашт. Дар ин ҳамлаҳо ба калисову меҳмонхонаҳо дар рӯзи таҷлили Иди Фусҳо 500 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Пулис рӯзи 23-уми апрел садҳо нафар дар шифохонаҳо муолиҷа мегиранд ва дар робита ба ҳамла дар шаҳри Коломбо ва атрофи он дар рӯзи 21-уми апрел 40 нафар дастгир шудаанд. Дар ин рӯз дар чанд калисо, меҳмонсароҳои муҳшатам ва дигар муассисаҳо нуҳ таркиш ба вуқуъ пайваст.
Ин бадтарин ҳамла дар Шри Ланка пас аз хатми ҷанги дохилӣ дар як даҳсолаи ахир аст. Дар кишвар имрӯз мотами миллӣ эълон шудааст ва мардум бо се дақиқа сукут ёди қурбониёнро гиромӣ доштанд. Раҷита Сенаранте, сухангӯи ҳукумат гуфт, ки бомбгузориҳо кори дасти Ҷамоати Миллии Тавҳид як созмони ифротгарои дохилӣ будааст.