Президентҳои ИМА, Фаронса ва Лаҳистон, сарвазири Канада, раиси Шӯрои Аврупо, дабири кулли НАТО пирӯзӣ дар интихоботи президентии Украинаро ба Зеленский табрик гуфтанд.
Дмитрий Медведев, сарвазири Русия гуфт, ба назари вай, шонси беҳсозии муносибатҳои Киев бо Маскав бештар шудааст.
Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Украина, ҳисоби 90 дарсади баргаҳои овоздиҳӣ баёнгари онанд, ки Владимир Зеленский 73 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст.
Рақиби ӯ, президенти амалкунандаи кишвар Петро Порошенко 24,5 дарсади овози мардумро касб кардааст. Ин натиҷаҳо бо назарсанҷиҳои Exit Poll-и миллӣ мувофиқат мекунад, ки дирӯз баъди анҷоми раъйдиҳӣ нашр шуда буд.
62 дарсади сокиноне, ки ҳаққи овоздиҳӣ доранд, дар интихобот иштирок карданд. Комиссияи интихоботӣ хабар дод, ки натиҷаи ниҳоии шумурдани варақаҳои раъйдиҳиро 30 апрел нашр хоҳад кард.
Петро Порошенко рақибашро бо пирӯзӣ табрик кард. Айни замон ӯ гуфт, аз сиёсат канор намеравад ва ба Зеленский пешниҳод кард, ки омодаи кумак аст.
Зеленский гуфт, ба маҳзи оғози кор тамоми зиндониёни сиёсиро озод хоҳад кард.