Боздошти боз як бунёдгузори "пирамидаи молӣ" дар Узбекистон

Идораи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ноҳияи Чинози Узбекистон хабар дод, ки як бунёдгузори "пирамидаи молӣ"-и дигарро дастгир шуд.

Ба иттилои нашрияи "Ҳуқуқ", Босит Хоҷаев (насаб иваз шудааст) аз сокинон пул, мошин, чорво ва ашёи дигар гирифта, ваъда медодааст, ки солона то 200% даромад хоҳад дод. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ аз мардум беш аз 357 ҳазор доллар ҷамъ кардааст.

Боздоштшуда барои қонунигардонии пулҳо ду ширкат таъсис дода, амволи мардумро ҳамчун "кумаки молӣ" сабт кардааст. Дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки ҳудуди 350 одам ба ӯ пулу мол додаанд.

Нашрия менависад, зидди Босит Хоҷаев бо бандҳои қаллобӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, нақзи қоидаҳои тиҷорат ва қонунигардонии амволи аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада парванда боз шудааст.

Соли 2016 соҳибкори маъруфи Чиноз Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба "Аҳмадбой" низ бо ҷурми таъсиси "пирамидаи молӣ" боздошт шуда буд. Мақомоти узбек он замон гуфтанд, шумори пасандозгузорони ширкатҳои "Аҳмадбой" ба даҳҳо ҳазор мерасад.