Бештар аз 20 одам дар ҷараёни занозании пулис бо сокинони осоишта маҷруҳ шуданд. Сокинони дараи Панкиси Гурҷистон, ки бештарашон чечентабор ҳастанд, зидди сохтмони неругоҳ эътироз карданд.
Сокинони маҳаллӣ қатъи корҳои сохтмониро талаб карданд ва аз мақомот хостанд, ки хулосаи коршиносони муҳити зист дар бораи зарарҳои неругоҳ ба муҳит ба эътибор гирифта шавад. Мақомот дар посух гуфтанд, ки ширкати сармоягузор ҳамаи қарорҳои лозимро дар ихтиёр дорад.
Сокинони деҳаи чеченнишини Дуисӣ коргоҳи сохтмониро ба муҳосира гирифтанд. Миёни кормандони пулис ва сокинони маҳаллӣ задухӯрд бархост, ки пулис аз тирҳои резинӣ ва газҳои ашковар ва сокинон аз санг истифода карданд.
Вазъ баъди омадани вазири корҳои дохилии Гурҷистон Георгий Гахарӣ ба ҷои ҳодиса, каме муътадил шуд. Бархе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, "омодаи марг ҳастанд, аммо намегузоранд, ки неругоҳ сохта шавад". Ба бовари онҳо, нерӯгоҳ сокинонро бе об мегузорад.
Дараи Панкис, ки дар марзи миёни Русияву Гурҷистон ҷойгир аст, дар солҳои 1990 бештар овозадор шуд. Он замон фармондеҳони саҳроии чечен - ширкатдорони ҷанги аввали Чеченистон дар ин дара паноҳ бурда буданд.