Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" (Reporters Without Borders) дар гузориши солонаи худ Туркманистонро дар мақоми 180-ум ҷой додааст.
Ба навиштаи хабаргузории ФерганаNews, соли гузашта Туркманистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 178-ум, пеш аз Эритрея ва Куриёи Шимолӣ қарор гирифта буд. Вале дар раддабандии имсола Куриёи Шимолӣ ҷойи 179-ум ва Эритрея ҷойи 178-умро касб кардаанд.
Дар Туркманистон тамоми расонаҳое, ки дар асоси қонун фаъолият мекунанд, аз сӯи давлат сахт назорат мешаванд. Матлабҳои онҳо асосан дар бораи омору чорабиниҳои расмӣ ва ситоиши кори президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст.
Дастрасӣ ба сомонаи нашрияҳое, ки мақаррашон дар хориҷ аст, дар Туркманистон маҳдуд буда, хабарнигорони онҳо дар дохили кишвар таҳти фишору таъқиб қарор мегиранд.
"Хабарнигорони бидуни марз" Тоҷикистонро дар мақоми 161 ва Ӯзбекистонро дар мақоми 160-ум қарор додааст. Қирғизистон аз нигоҳи мустақил будани расонаҳо озодтарин кишвари минтақа номида шудааст, ки дар як сол мақоми худро аз 98-ум ба 83-ум тағйир додааст.