Кумитаи додгоҳии Маҷлиси намояндагони Амрико дархости расмӣ додааст, то матни комили таҳқиқоти муфаттиши вижа Роберт Мюллерро ба вакилони мардумӣ бидиҳанд.
Кумита ба вазорати адлия барои иҷрои ин дархост то 1-уми май муҳлат додааст. Ҷерролд Надлер раиси кумита рӯзи 19-уми май гуфт, ӯ матни ихтисоршудаи таҳқиқотро қабул карда наметавонад, зеро он “тамоми Конгрессро дар торикӣ нигаҳ медорад”.
Ӯ афзуд: “Кумитаи ман ба матни комили гузориш эҳтиёҷ дорад ва ҳаққи комили гирифтани онро ҳам дорад.” Ҷерролд Надлер як рӯз баъд аз нашри нусхаи ихтисоршудаи таҳқиқоти 448 саҳифагӣ суҳбат кард.
Вилям Барр додситони кулли Амрико гузориши Мюлерро ба Конгресс фиристод, вале дар он баъзе аз қисматҳо аз ҷумла маълумоти ҳайати мунсифаро ихтисор кардаанд. Маълумоти ҳайати мунсифа, ба шумули мусоҳиба бо шоҳидон умдатан пинҳон нигаҳ дошта мешавад, аммо бо муроҷиат ба додгоҳ онро ба даст овардан мумкин аст.