Манзили истиқоматии ду сокини шаҳри Душанбе шаби 5-уми апрел аз шиддати борони зиёд ва омадани сел вайрон шуд ва онҳо аз ин нигаронанд, ки бо гузашти ду ҳафта аз рух додани ҳодиса, ҳеҷ гуна кумаке аз ҷониби ҳукумат дарёфт накардаанд. Бо далели он ки зиндагӣ дар манзилҳои ин хонаводаҳо ғайриимкон шудааст, онҳо феълан дар масҷиди маҳаллаашон зиндагӣ доранд.
"Ҳама чиз дар зери обу лой монд"
Бибиоиша Салоеваи 61-сола, яке аз ҷабрдидагони офати табиӣ, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрораш ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, ба онҳо касе кумак накард, ба ҷуз аз ҳамсоягон. Ӯ гуфт: “Ду-се рӯз баъди ҳодиса танҳо ду нафар аз ҳукумати ноҳия омада диданду рафтанд, бо ҳамин тамом”.
Салоева, ки бо 700 сомонӣ дар кӯчаҳои Душанбе роҳрӯбӣ мекунад, ҳоло ҳайрон аст, ки бехона чӣ кор мекунад. “Он шаб ба як азоб ҷони худро аз сел наҷот додем ва боқимонда ҳама чизҳои дигар, аз болишу кӯрпа то маводи ғизоӣ, зери обу лой монд”, - нақл кард ӯ.
"Гуфтанд, ки агар касе нафавтидааст, ба хайр аст"
Дилшод Эшмеков, писари Бибиоша Салоева иддао кард, ки шаби омадани сел ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода занг зад, аммо касе ба ёриашон наомад:
“Вазъиятро фаҳмондам ва гуфтам, ки дар хона кӯдак аст, ба наҷотамон биёед. Гуфтанд, ки касе ҷон надодааст? Гуфтам не. Гуфтанд, ки ин хел бошад, ба хайр аст. Бо ҳамин баъди 10 рӯз як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳ бо як нафар аз ҳукумати ноҳия омада, каме ҳамроҳи мо суҳбат карду бас. Он шаб бо кумаки ҳамдеҳагон наҷот ёфтем.”
Ҷумъабек Умаров, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе иддаои сокинон дар мавриди бо таъхири зиёд расиданашон ба маҳалли ҳодисаро рад намуда, мегӯяд, он чӣ ки аз адсташон омад, нисбат ба хонаводаҳои ҷабрдида аз сел карданд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “6-уми апрел наҷотдиҳандагони мо ба маҳалли ҳодиса рафта, ба ҷабрдидаҳо барои аз зери хок баровардани ашёву амволашон кумак расонданд”.
Чанд суоли мардум аз мақомот
Бибиоиша, сокини дигари кӯчаи Мирзо Мастонгулови ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷабрдидаҳои дигар иброз дошт, ки қаблан ҳам се-чаҳор дафъа сел вориди хонаҳояшон шуда буд, аммо на ба мисли сели шоми 5-уми апрел пуршиддат буданд.
Ӯ гуфт, ягона хоҳишаш ҳамин аст, ки ҳукумат ба онҳо дар барқарор кардани хона кумак кунад: “Андоз месупорем, суғурта (бима) дорем, ҳаққи ҳама намуди хидматрасониҳоро месупорем. Имрӯз, ки офат моро ба ин ҳол расонд, чаро кӯмакамон намекунанд? Чаро касе ба суроғамон намеояд?”
Дар кӯчаи Мастонгулов, воқеъ дар шафати фурудгоҳи Душанбе, дар баробари ин ду оила ба хонаи дигар ҳамсоягон ҳам зарари сел расидааст, вале дар манзилҳои дигар то ҷое имкони зист вуҷуд дорад.
"Ҳамсояҳо хона месозанд, ҳукумат чӣ?"
Интизории ҷабрдидаҳо аз дарёфти кумакҳо аз ҷониби ҳукумат дар ҳолест, ки Қурбон Зайдуллоев, як масъули ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, ҳоло маълум нест, аз ҳисоби ҳукумати ноҳия чӣ кумакҳое ба ин хонаводаҳо ироа хоҳад шуд.
Зайдуллоев рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар бораи ҳодиса санад тартиб додем ва ба ҳукумати шаҳри Душанбе фиристодем. Зарар маълум мешавад. Аҳолии маҳалла иқдом кардаанд, ки хонаи фурӯрафтаи ҳамдеҳагони худро месозанд. Дар хонаи онҳо зиндагӣ ғайриимкон аст”.
Дар ҳоле ки масъули ҳукумат мегӯяд, сокинони маҳалла дар сохтмони хонаи ҷабрдидаҳо иқдом кардаанд, яке аз ҳамсояҳои онҳо суол гузошт, ки “чаро худи ҳукумати ноҳия кумаки молӣ намекунад? Вазифаашон аст, чаро бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд?”
Шаби 5-уми апрели имсол дар Душанбе ва минтақаҳои дигар борони сахт борид ва ба камияш як соат роҳҳои асосии пойтахт зери об буд. Танҳо дар се моҳи охир дар Тоҷикистон 500 фалокати табиӣ мушоҳида шудааст ва аз ин миён 12 селу тарма ба мардум ва иқтисоди кишвар зиён расонидаанд.