Дар натиҷаи боронгариҳои сахт ва фаромадани тарма дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон наҷотдиҳандагон ба ҳолати омадабош даромадаанд.
Масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтанд, фазои кишварро сиклоне фаро гирифтааст, ки чанд рӯз қабл дар пайи он дар Эрону Афғонистон даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми март гуфт, танҳо шаби гузашта дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 20 мавриди тармафароӣ ва сангрезӣ сабт шудааст. "Ҳоло се минтақа осебпазир муайян шудааст. Якум, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дувум - минтақаҳои шоҳроҳи Душанбе-Лахш ва севум - минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон", - афзуд ӯ.
Офати табиӣ дар Сангвор ва Ховалинг
Ин ҳушдори масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳолест, ки ду шаб қабл бар асари кӯчиши тарма дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), шарқи Тоҷикистон шаш хонавода зиён дида ва ҳудуди сад чорвои мадум талаф ёфтааст. Сокинони деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор рӯзи 28-уми март гуфтанд, ки тарма аз болои деҳа ба поён ҳаракат карда, роҳ ва хати барқро тахриб кард ва ба боғҳову чорпои онҳо зиён расонд.
Алӣ Сафаров, як сокини деҳаи Дараи Ҳайрон рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, иншооти ёрирасони манзили зисти ӯ тахриб шуд ва 17 сар чорвои калони шохдораш зери тарма монд.
"Барои сокини деҳа аз даст додани чорво талафоти калон аст. Дигар ҳамсояҳо ҳам зарар диданд. Оилаҳои занбӯри асал ҳам зери тарма монд. Дарахтонро шикаст",-гуфт ин сокини ноҳияи Сангвор.
Сокинони ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг дар ҷануби Тоҷикистон низ аз омадани сел хабар доданд. Бар асари омадани сел дар ин минтақа, пули миёни деҳаҳои Даштирубоб ва Сияҳфарк хароб шуда, рафтуои сокинони деҳот ба маркази ноҳия мушкил шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки сел ба корхонаи коркарди тиллои "Гули Мурод" дар Ховалинг осеб расондааст.
"Сиклон қодир аст паёмадҳои номатлубе ба ҷой гузорад"
Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, боронгариҳои рӯзҳои ахир дар натиҷаи вуруди сиклоне аст, ки аз самти Эрон ва Афғонистон ба фазои Тоҷикистон расидааст.
Ӯ гуфт, албатта, ин сиклон қувваеро, ки дар Эрону Афғонистон дошт, аз даст додааст. Вале ҳатто бо ин нерӯ ин сиклон қодир аст дар Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе бар ҷой гузорад.
"Ба ин далел, мо ҳушдор додаем, ки сокинон то 1 апрел аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд", - гуфт ӯ.
Зимнан, дар пайи ин сиклон дар Эрону Афғонистон ҳудуди 70 нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳо манзил ва мошинҳо вайрон шудаанд.
Дар ҳоле, ба қавли мақомот, наҷотдиҳандагони тоҷик ба ҳолати омодабош даромадаанд. ки дар гузашта сокинон аз дасткӯтоҳӣ ё бетаваҷҷӯҳии маъмурони наҷот дар ҳолатҳои омадани сел ва тармафароӣ шикоят доштанд. Зимистони гузашта маъмурони наҷот барои ёрӣ надодан ба сокинони Ишкошими вилояти Бадахшон, ки як нафарро аз зери тарма берун оваранд, танқид шунида буданд. Мақомот гуфтанд, чанд нафарро ҷазо доданд.
Ҳар сол бар асари омадани сел ва фаромадани тарма чандин нафар ҳалок ва даҳҳо хона вайрон мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 50 хонаи истиқоматӣ зарар диданд, ки аз ин миён 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шудааст. Ҳаҷми зарар аз офатҳои табиӣ дар соли гузашта беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.