Дар деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистони Қазоқистон 7 хонанда аз ду хонавода, ки бо ҳам хешанд, ба хотири қарори манъи бастани рӯймол аз охирҳои моҳи январи соли равон ба ин сӯ ба мактаб намераванд.
Сокини деҳаи Фирдавсӣ Саидакбар Мирзоев 18 апрел гуфт, ҳамроҳи бародараш тасмим гирифтанд, ки то раҳбарияти мактаб нисбат ба муҳофизон чора наандешад, духтаронашон ба дарс нахоҳанд рафт.
Ба гуфтаи Мирзоев, муҳофизони мактаб духтарони онҳоро дашном дода, ба сарашон дод задаанд. Вале раҳбарияти мактаби деҳаи Фирдавсӣ ин иддаоро рад кард. Мудири мактаб Жанар Мамирова гуфт, духтарон барои он ба мактаб намераванд, ки волидонашон намехоҳанд, онҳо рӯймолҳояшонро бигиранд.
"Духтарон ба мактаб бо рӯймол омаданд. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки ҳангоми ворид шудан ба таълимгоҳ бояд рӯймолҳояшонро банданд. Ҳоло волидонашон бо ҳар баҳона фарзандонашонро ба мактаб рафтан намемонанд", - афзуд мудир.
Намояндаи Департаменти назорат дар соҳаи маорифи Туркистон Қудойберган Шербоев мегӯяд, 23 марти соли равон волидони хонандаҳоеро, ки ба мактаб намераванд, 2 525 танга ҷарима бастанд. "Агар пулро давоми як моҳ насупоранд, парванда ба додгоҳ фиристода мешавад", - изҳор дошт Шербоев.
Дар деҳаи Фирдавсӣ соли 2018 низ волидони 8 хонандаро барои ташкили ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз рӯймоли фарзандонашон дар назди мактаб ҷарима баста буданд.
Маъмурияти мактаби деҳаи Фирдавсӣ бо истинод ба фармони вазири маорифи Қазоқистон аз моҳи январи соли 2016 бастани рӯймолро дар дарсҳо иҷозат намедиҳад. Фармон талаботи либоси ягонаи мактабиро ҳатмӣ дониста, пӯшидани либосҳои исломиро дар дарс манъ мекунад.