Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) муроҷиатномаи президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро ба додситони кул нашр кард.
Отамбоев гуфтааст, "кормандони Вазорати адлияи Қирғизистон бо ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои ҲСДҚ қонунгузорӣ, ҳуқуқи ҳизб ва аъзояшро нақз кардаанд, ки бояд ин ҷиноят фавран мушикофона санҷида шавад".
"Ба назари мо, дар амалҳои раҳбарият ва кормандони Вазорати адлия бо бандҳои "сӯистифода аз мақом" ва "сохтакории хидматӣ" таркиби ҷиноят дида мешавад. Онҳо бо амали худ ҳуқуқи конститутсионии аъзои ҳизбро поймол кардаанд",-омадааст дар изҳороти ҲСДҚ.
ҲСДҚ тағйироти Вазорати адлияро, ки раҳбарияти ҳизб ва нишони ҳуқуқии онро иваз кардааст, ғайриқонунӣ мешуморад.
Ахиран маълум шуд, ки Вазорати адлияи Қирғизистон дар ҳуҷҷатҳои ҲСДҚ дар пойгоҳи иттилоотии шахсони ҳуқуқӣ тағйирот ворид карда, ба ҷои Отамбоев роҳбари ҳизбро Сагинбек Абдраҳмонов нишон додаааст. Худи Абдраҳмонов амали вазоратро қонунӣ мешуморад.