Муштарӣ фақат моро мебинад ва фикр мекунад, ки сабаби пайдо шудани ҳама проблемаҳо мо ҳастем. Барқ хомӯш мешуд, аз гиребони мо мегирифтанд, ҳарчанд ин вазифаи масъулон аст
Чаро ронданд?
Дар ин ширкат рӯзи 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нозиронро бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бемасъулиятӣ, дониши ками тахассусӣ ва муомилаи сард бо муштариҳо аз кор ронданд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар “Барқи Тоҷик” гуфт, бисёре аз ин нозирон баъди "аттестатсия" дар ширкат аз кор озод шуданд ва ба ҷои онҳо нозирони “касбӣ”, “бомасъулият” ва “хушмуомила”- ро ба кор гирифтанд. Айни замон ба қавли мусоҳиби мо: “Вақт нишон медиҳад, ки самараи кори онҳо чӣ гуна хоҳад буд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди ду ҳазор нозир дар ширкат кор мекунад”.
Шикоят аз кори нозирони "Барқи Тоҷик" кам нест ва даъвову ҷанҷол дар бораи сарфи барқу қимати он, пули пардохтшудаву нопардохта аз суҳбатҳоест, ки зуд-зуд мешунавед.
Маъруф Каримов, сокини ноҳияи Айнӣ аз зумраи муштариёнест, ки ду дафъа бо нозири барқи маҳаллаашон барои барзиёд ҳисоб кардани маблағи истифодаи нерӯи барқ ҷанҷол кардааст. Ӯ гуфт, баъзан нозирони барқ талош мекунанд, пули барқро зиёд нишон диҳанд, ҳарчанд худи нозирон мегӯянд, ин даъвои сокинон дуруст нест.
"Эътироз кардам, дағал шунидам"
"Чандон аҳамият намедодам, ки чӣ қадар барқ истифода кардем. Ба наздикӣ аҳли оила гуфтанд, ки барқро кам истифода мебарем, аммо нозир маблағро аз пештара зиёд ҳисоб мекунад. Эътироз кардам ва шоҳиди дағалгуфтории нозир шудам. Моро гунаҳкор кард, ки айби ҳисобкунак аст, айби онҳо нест," - нақл кард Маъруф Каримов.
Масъулони "Барқи Тоҷик" ҳам иқрор мешаванд, ки дар дуздиву талафоти нерӯи барқ дар баробари баъзе муштариён, кормандони соҳа, аз ҷумла нозирони барқ нақш доранд. Худи ширкат мегӯяд, солона садҳо миллион киловат нерӯи барқ талаф меёбад.
Барои коҳиши талафот ва аз байн бурдани истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии барқ, “Барқи Тоҷик” чанд сол боз талош дорад, ба низоми биллингӣ, яъне пардохт тариқи кортҳои электронӣ гузарад. Бо гузаштан ба ин низом зарурат ба дар бар дар гаштан ва кори нозирони барқ намемонад.
Чашм ба роҳи сармояи хориҷӣ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Об дорем, барқ тавлид мекунем. Чаро нархи ҳарду гарон аст?" ВИДЕОДар чанде аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низоми биллингӣ амал мекунад. Масалан, дар шаҳри Хуҷанд, ки низоми биллингӣ дорад, ба гуфтаи масъулон, аз 90 нозир фақат 6 нафар мондаанд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 9 ҳазору 600 муштарӣ ва дар Кӯлоб 8 ҳазор муштарӣ аз низоми кортҳои электронӣ истифода мебаранд. Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо ин кортҳо “Барқи Тоҷик” имкони молӣ надоштааст ва умедвор аст, сармоягузорони хориҷӣ кумак мерасонанд.
Коршиносон ҳам ихтисори нозирони барқ ва роҳандозии низоми электронии пардохтҳоро, яке аз роҳҳои коҳиши фасод медонанд ва мегӯянд, ҳар ҷое, ки таъсири омили инсонӣ кам шавад, эҳтимоли коҳиши коррупсия вуҷуд дорад.
"Дуздӣ ва талафоти барқ" кай поён меёбад?
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистӣ ва вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, даст кашидан аз кори нозирон метавонад, "Барқи Тоҷик"-ро аз харҷи беҳуда бираҳонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Барқи тоҷик": "Аҳолӣ аз ширкат ҳудуди 1 млрд сомонӣ қарздор аст"Фасод дар кори нозирони “Барқи Тоҷик” ва талафоту дуздии нерӯи барқ аз мавзӯъҳоест, ки дар гузашта борҳо мавриди интиқоди коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик”, моҳи марти соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бе барканор кардани нозирон, дуздии нерӯи барқ хотима намеёбад. Онҳо бо сокинон ва раҳбарони корхонаҳо забон як карда, барои пардохт миқдори андаки нерӯи барқи истифодашударо сабт мекунанд. Чунин наҳваи пардохт ба муштарӣ ҳам хуш меояд. Аммо, дар маҷмӯъ, ин бар зарари ширкати “Барқи Тоҷик” ва давлати Тоҷикистон мебошад."
"Мардум гумон мекунанд, ки..."
Як нозири собиқи барқ, ба шарти набурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "гуноҳро ба сари нозирони барқ задан беинсофист", чун, ба қавли ӯ, "масъулони сатҳи боло ҳам бегуноҳ нестанд".
Ӯ гуфт: "Мо вазифадорем, ки ҳисобу китоб кунем ва пули барқро ҷамъ орем. Муштарӣ фақат моро мебинад ва фикр мекунад, ки сабаби пайдо шудани ҳама проблемаҳо мо ҳастем. Барқ хомӯш мешуд, аз гиребони мо мегирифтанд, ҳарчанд ин вазифаи масъулон аст".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тақсим шудани ширкати "Барқи Тоҷик" ба таъхир афтод"Барқи тоҷик" як ширкати азими давлатии Тоҷикистон аст, ки қарзи он аз марзи 22 миллиард сомонӣ ва ё беш аз 2 миллиарду 200 миллион доллар гузаштааст. Умдатан пули барқро ширкату муассисаҳои давлатӣ намепардозанд. “Талко” корхонаи бузурги истеҳсоли алюминий яке аз қарздорони бузурги “Барқи Тоҷик” аст.