"Коммерсант": барои Назарбоев мақоми нав таъсис медиҳанд

Нурсултон Назарбоев

Дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, рӯзи 29-уми майи имсол ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо иштироки раҳбарони Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон баргузор мешавад.

Ба иттилои нашрияи русии "Коммерсант", яке аз мавзуъҳои асосӣ таъсиси мақоми махсус - раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии АвруоСиё барои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир ин мақом таъсис дода нашудааст ва салоҳиятҳояш низ маълум нест. Танҳо метавон гуфт, ки раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодӣ ин созмонро дар кишварҳои дигар намояндагӣ мекунад.

Назарбоев вақте бори нахуст таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дар соли 1994 пешниҳод карда буд, гуфт, кишварҳои пешини Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ба якдигар ҳамчун дӯст бовар дошта бошанд. "Тавре мебинем, баъзе аз нерӯҳо мехоҳанд, моро аз ҳамдигар ҷудо ва заиф созанд ва миёни мо тухми нобоварӣ ва душманиро бикоранд. Ин ҳама барои мардум зарар хоҳад овард. Бубинед, кишварҳои Аврупои Ғарбиро, ки тайи чандин аср бо ҳам муттаҳиданд", - изҳор дошт ӯ.

Нурсултон Назарбоев, ки моҳи март аз мақомаш истеъфо дод, имсол ба синни 79 медарояд. Ӯ зимоми қудратро дар Қазоқистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чанд интихоботи президентии баъдӣ низ баранда эълон гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид.

Расонаҳои Қазоқистон бори нахуст соли 2016 дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев расман хабар доданд, ки боиси лағви сафараш ба Арманистон шуда буд. Баъд аз ин Назарбоев тасмим гирифт, салоҳиятҳои президентро байни ҳукумат ва порлумони Қазоқистон тақсим ва духтари калонияшро узви палатаи болоии порлумон таъйин кунад.