Русия ният дорад, дар Тоҷикистон фаъолияти оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" - мубаллиғи сиёсатҳои Кремлинро боз кунад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 17-уми апрел дар суханрониаш дар поёни сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав гуфт, "нақша дорем, намояндагии "Россия сегодня"-ро дар Тоҷикистон боз кунем".
Путин дар мавриди кай боз шудани намояндагии ин оҷонсии иттилоотӣ дар Тоҷикистон чизе нагуфт.
Ин бори аввал нест, ки Русия талош дорад намояндагии ин оҷонсии иттилоотиро дар Тоҷикистон боз кунад. Бори аввал соли 2014 Русия бо нияти боз кардани намояндагии оҷонсии хабарии "Россия сегодня" таҳти бренди "Спутник" ҳудуди 20 хабарнигорро дар Тоҷикистон ба кор гирифта буд. Аммо баъди як сол "Россия сегодня" барои дарёти иҷозаи кор дар Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ муваффақ нашуд ва дар поёни соли 2015 хабарнигоронро ҷавоб дод.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии моҳи феврали 2016 дар ин робита гуфт, ки Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" ба чанд суоли вазорат посух надодааст ва бинобар ин то кунун ин хабаргузориро сабтином накардаанд.
Пас аз он, рӯзи 15-уми феврали 2016, саҳифаи тоҷикиву русии торнамои "Спутник" марбут ба "Россия сегодня" бо матолиби тоҷикию русӣ боз шуд, ки хабару ҳодисаҳои Тоҷикистонро бозтоб медиҳад. Дар ин сомона бо забонҳои тоҷикиву русӣ ахбори ахири Тоҷикистону минтақа, матолиби таҳлилӣ ва аксҳо ҷой дода шудаанд.
"Россия сегодня" он замон гуфта буд, ки ба далели ба дарозо кашидани сабтиноми оҷонсӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сомонаи хабаргузории "Спутник" феълан дар хориҷ аз ин кишвар роҳандозӣ шудааст. Айни замон хабарнигорони тоҷики ин торнамо аз шаҳри Маскав ҳодисаҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд.
Оҷонсии байналмиллалии иттилоотии "Россия сегодня" корхонаи воҳиди давлатии федералӣ аст, ки аз сӯи Владимир Путин дар заминаи оҷонсии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” ташкил шудааст.