Путин гуфт, барқи "Сангтӯда-1"-ро ба кишвари севум мефурӯшанд

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 17-уми апрел дар поёни мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав аз саҳми муҳими кишвараш дар рушди бахши энержии Тоҷикистон сухан ронд.

Ӯ гуфт, нерӯгоҳи "Сангтуда-1", ки бо сармоягузории ин кишвар бунёд шудааст, то 10 дар сади эҳтиёҷи Тоҷикистонро ба нерӯи барқ бароварда мекунад. Путин афзуд, айни замон Русия масъалаи содироти барқи ин нерӯгоҳ ба кишварҳои дигарро баррасӣ дорад.

"Айни замон имконияти содироти барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳ ба кишварҳои севумро баррасӣ дорем", - гуфт ӯ.

Ин изҳороти президенти Русия дар ҳолест, ки то кунун "Барқи тоҷик" ягона муштарии барқи ин нерӯгоҳ аст, аммо пули барқи онро мунтазам пардохт намекунад ва дар натиҷа қарзаш дар назди ин нерӯгоҳ ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расидааст.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бо сармоягузории муштараки ду кишвар бунёд шуда, 25+1 саҳмия дар ихтиёри Тоҷикистон ва боқӣ дар дасти Русия аст.

Сафари дурӯзаи расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав бо имзои 17 санад миёни ду кишвар ба анҷом расид. Аммо мунтақидон мегӯянд. ин созишномаҳо аксаран дар рӯи коғаз мемонанд ё танҳо замоне иҷро мешаванд, ки барои Маскав зарур аст.