Зани қазоқ дар латту кӯб ва азияти се духтарандараш айбдор мешавад

Пулиси шаҳри Жетисойи вилояти Туркистони Қазоқистон зидди як зан бо гумони азият ва латукӯби се духтарандари ноболиғаш тафтишотро оғоз кардааст.

Турсун Мирзалиев, мудири маорифи Жетисой 17 апрел гуфт, осори латукӯбро дар бадани се хоҳар - хонандагони синфҳои 6, 7 ва 9 раҳбарони синфашон мушоҳида карда, ба идораи маориф хабар додаанд. Дар натиҷа шаҳрдорӣ ва пулиси Жетисой духтаронро аз модарандар гирифта, ба модарбузургашон супоридаанд.

Сухангӯи Раёсати тандурустии вилояти Туркистон Мира Муслим тасдиқ кард, ки хонандагони мазкур бо осори латукӯб ба беморхонаи шаҳрии Жетисой интиқол дода шудаанд.

Дар видеое, ки 16 апрел дар интернет нашр шуд, яке аз духтарон осори латту кӯб, аз ҷумла захми кордро дар баданаш нишон медиҳад.

Сухангӯи пулиси маҳаллӣ Салтанат Каракозова 17 апрел гуфт, зидди модарандари духтарон тафтишот оғоз шуда, масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.