Борони зиёди шаби 16-уми апрел сабаби боло рафтани оби рӯдхонаи Элок дар ноҳияи Файзобод шуд ва ба хонаву киштзорҳои даҳҳо хонавода осеб расонд.
Мардуми рустоҳои осебдида Саричашма ва Ҷонварсуз, ки дар канори рӯдхона ҷойгиранд, шаби ноороме доштанд ва нигаронанд, фалокат дигарбора такрор мешавад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои куҳистониест, ки солона аз ҳисоби селу тармаву лағжиши хос даҳҳо миллион доллар осеб мебинад.
Сел киштзору боғи 14 сокини деҳаи Саричашмаро вайрон кард, вале ба гуфтаи сокинон, хушбахтона касе осеб надидааст. Сокинони деҳа рӯзи 17-уми апрел ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, шаб то субҳ бедор буданд ва туғёни рӯдхонаро назорат мекарданд. Оби зиёд маҷрои рӯдхонаро тағйир дода ва ба хонаҳои зисти мардум наздик шудааст.
"Агар сарбанд рахна мешуд..."
Раҷабмурод Каримов, муовини раиси маҳаллаи "Саричашма" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи сел ду сарбанд хароб шуд ва маҷрои дарё ҳам тағйир ёфт ва як майдончаи футбол ҳам вайрон шуд. Ӯ афзуд, "сарбандро, ки бо сангу гил дар соли гузашта бардоштем, хароб кард. Агар қисмати чапи сарбанд ҳам рахна мешуд, ними шаб хонаҳои зисти мардум ҳам зери об мемонд".
Баъди шурӯи боронҳои сахт, сокинони деҳаи "Саричашма" бо навбат рӯдхонаро назорат мекунанд, то дар сурати боло рафтани сатҳи об, ҳамдеҳагонашонро аз хатари сел огаҳ кунанд. То ҳол оби рӯдхона, замину роҳҳоро вайрон кард, дарахтони мевадорро аз реша канда бурдааст.
Раҷабалӣ Аҳмадов, сокини деҳа гуфт, сел ба 15 хонавода зарар расонд ва замину киштзорҳои мардум деҳаи поёнӣ "Ҷонварсӯз" ҳам беосеб намондаанд. Ӯ аз он шикоят кард, ки касе аз мақомоти масъул ба кӯмакашон нашитофтанд.
"То субҳ на аз мақомот ва на аз ҷамоату ҳолатҳои фавқулодда касе ба суроғамон наёмад. Ноилоҷ мондем ва наметавонистем, ба боғу заминҳоямон наздик шавем. Сарбандро, ки мебинед, худамон аз кисаи худамон сохтаем. Баъди фурӯпошии шуравӣ ҳеҷ кори ҷиддӣ барои мустаҳкам кардани соҳил ба ҷо оварда нашудааст",-афзуд ин сокини маҳаллӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло мардуми деҳоти соҳили дарёи Элок аз он метарсанд, ки такрори боронҳои зиёд ин навбат метавонад, сатҳи рӯдхонаро то ҳадде боло барад, ки об вориди хонаҳо шавад ва онҳо дар кӯча бимонад.
Сокинонро ба минтақаҳои амн интиқол медиҳанд
Сокинон мегӯянд, ҳар сол дар инҷо сел киштзору боғҳои мардумро вайрон мекунад. Ба гуфтаи сокинон, баъди ҳар фалокат, намояндагони ҷамоату ҳукумати ноҳия меоянд, "рӯи варақ баъзе маълумотро менависанду мераванд, вале чораҳои ҷиддӣ намебинанд".
Аммо Ҳукмиддин Сафаров, муовини раиси ҷамоати "Ҷавонон"-и Файзобод дар ҳузури сокинони деҳа гуфт, мақомот тасмим гирифтаанд, сокинони деҳаи "Саричашма"-ро ба мавзеъҳои дигар интиқол диҳанд ва ягона роҳи эмин нигаҳ доштани мардум аз хатари сел танҳо ҳамин аст. Ӯ афзуд, "ҳукумати ноҳия дар ҷараён ҳаст, дар гӯшаи дигари ноҳия барои сокинони соҳили дарё қитъаи замин ҷудо мешавад".
Ҳукмиддин Сафаров гуфт, аммо то он замон ҳоло вазифаи онҳо огаҳ кардани мардум аз хатари фалокатҳои табиист, ки мумкин аст, рӯзҳои оянда такрор шавад. "Мо аз кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ нома гирифтаем, то 20-уми апрел бориш зиёд мешавад. Аз ин рӯ, мо навтдории шабонарӯзӣ дар 13 маҳаллаи ҷамоати худамон ба роҳ мондаем",-афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Омодабоши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳамаи ниҳодҳои худ дар шаҳру вилоятҳо ва навоҳиро ба ҳоли омодабош даровардааст. Ҷамшед Камолов, сардори раёсати кумита оид ба ҳифзи аҳолӣ рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ҳисоби мардуми атрофи мавзеъҳои хатарзо гуруҳҳои наҷотбахшу назоратӣ таъсис дода шудааст, ки шабонарӯзӣ аз вазъи сойҳо ва соҳилҳо хабар медиҳанд".
Ба гуфтаи мақомоти кумита, танҳо дар се моҳи гузашта дар Тоҷикистон 500 фалокати табиӣ мушоҳида шудааст ва аз миён 12 селу тармаву обхезӣ ба мардум ва иқтисоди кишвар зиён расонидаанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои куҳистониест, ки солона аз ҳисоби селу тармаву лағжиши хос даҳҳо миллион доллар осеб мебинад. Ҳар сол дар ин фалокатҳо чандин нафар куштаву маҷруҳ мешаванд ва мақомотро барои сустӣ дар кӯмак ба мардуми осебдида пайваста мекунанд.