Танқиди Покистон барои рафтораш бо як хабарнигор

Шоҳзеб Ҷилонӣ

Гузоришгарони Бидуни Марз ҳукумати Покистонро барои ба ҷавобгарӣ кашидани як хабарнигори таҳқиқгар танқид кард. Шоҳзеб Ҷилонӣ, ки барои телевизиони урдузабони "Дунё" кор мекунад, ба “кибертерроризм” ва “баёниҳои тавҳиномез дар бораи ниҳодҳои мӯътабари Покистон” муттаҳам мешавад. Қарор аст, ин хабарнигор рӯзи 17-уми апрел барои муҳокима ба додгоҳи шаҳри Карочӣ ҳозир карда шавад.

Ӯро бар асоси қонуни баҳбсарангез дар бораи ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ду банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мекунанд. Гузоришгарони Бидуни Марз, ки дар Париж қароргоҳ дорад, рӯзи 16-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, боз кардани парванда ба зидди Ҷилонӣ, барои тарсонидан ва хомӯш кардани хабарнигорон дар Покистон аст. Созмон аз додгоҳ хост, ки парвандаро беэътибор кунад.

Даниел Бастард, раиси дафтари Осиё ва Уқёнусия дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз гуфт, “мақомоти Покистон дигарбора бо сӯистифода аз қонунҳо мехоҳанд, хабарнигореро, ки хати сурхро гузашт ва ниҳодҳои муайянро танқид кард, хомуш кунанд.”

Шоҳзеб Ҷилонӣ, ки дар гузашта барои Бӣ-Бӣ-Сӣ ва Дойче Велле кор кардааст, бо гузоришҳои танқидӣ дар бораи артиш ва хадамоти истихборотии қудратманди Покистон шинохта шудааст.