Барои Маскав бисёр муҳим аст, ки Душанбе дар меҳвари нуфузи Русия бимонад ва нагузорад, ки нуфузи кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико зиёд шавад. Ба пиндори Кремлин, президент Раҳмон ҳамин "статус-кво"-ро нигоҳ медорад
Дар рӯзи нахустини сафари расмиаш ба Русия, Эмомалӣ Раҳмон бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ – палатаи поёнии порлумони Русия – дидору мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Думаи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар бахши муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия чанд масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.
Ӯ, аз ҷумла, ба масъалаи содда кардани ҷараёни сабтином, патент ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирон дахл кардааст. "Мо ба баргузор кардани як даври дигари афви муҳоҷирон умед дорем", - гуфтааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Русия солона ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро ба далели риоя накардани меъёрҳои кору истиқомат аз қаламраваш меронад ва аксари онҳо ҳақ надоранд, барои 5 сол ва ё камтар аз он ба он кишвар бозгарданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, шумораи онҳое, ки дар ҳоли ҳозир аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд, беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Муҳоҷирони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваста мақомоти Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки аз ҳуқуқи садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳимоят карда наметавонанд. Дар Русия беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Онҳо аз боздоштҳои бесабаб, бадрафтории мақомоти интизомии Русия, ихроҷи пайваста шикоят доранд.
"Сармоягузории Русия ба имкониятҳои мавҷуда мувофиқ нест"
Дар мулоқоти рӯзи сешанбе раиси ҷумҳур Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби сармояи Русия ба кишварро баррасӣ кардааст. Президент Раҳмон Русияро аз шарикони муҳими иқтисодӣ номбар карда ва аз сармоягузориҳои қобили мулоҳизаи ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон ёдовар шудааст.
"Аммо бо ин вуҷуд, ба пиндори мо, ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба имкониятҳое, ки дар ин соҳа мавҷуданд, мувофиқ нест. Мо ҷонибдорем, ки ба Тоҷикистон сармояҳои бузурги Русия биояд", - изҳор дошт ӯ.
"Дар 28 сол мавқеи мо дар баробари Маскав дигар нашуд"
Дар оғози мулоқот бо Вячеслав Володин президент Раҳмон таъкид кард, ки густариши муносибот бо "шарики стратегӣ" аз авлавиятҳои сиёсати Душанбе мемонад ва Тоҷикистон "дар 28 соли гузашта боре ҳам сиёсаташро нисбат ба шарики стратегиаш иваз накардааст".
Дар идома ӯ изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар тақвияти нерӯи низомии худ низ ба кумаки Русия такя мекунад ва "ба амалишавии фаъолонатари барномаи модернизатсияи нерӯҳои низомии худ умед дорад".
Ишораи президент дар робита ба барномаи навсозии артиш ва кумаки Маскав дар ҳолест, ки Русия соли 2012, замони тамдиди созишномаи будубоши пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон то соли 2042, гуфта буд, ки дар навсозии силоҳу аслиҳаи артиши Тоҷикистон кумак мекунад, аммо то ҳанӯз ба ҷуз аз чанд танку тӯпи кӯҳна ёрии назаррасе накардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Лавров: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. ВИДЕОМасъалаи маориф низ дар ин дидор матраҳ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, умедвор аст, Думаи давлатӣ дар таъмини мактабҳои Тоҷикистон бо китобҳои дарсии таълими забони русӣ ва бозомӯзии омӯзгорон кумак мекунад. Дар идома президент аз азми Русия дар сохтмони 5 мактаби ҳамагонии русӣ дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, гуфтааст, қарор аст зимни ин сафар дар ин робита созишнома ба имзо бирасад. Дар посух ба ин гуфтаҳои президент Вячелав Володин гуфтааст, "Русия аз азми Тоҷикистон ҷиҳати рушди таълим бо забони русӣ пуштибонӣ мекунад".
Қарор аст, рӯзи 17-уми апрел сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав идома карда, дидору мулоқоти ӯ бо Владимир Путин доир гардад. Ҳамчунон ҷаласаи васеи ду ҷониб бо аъзои ҳукумат дар назар аст.
Интизориҳо дар Душанбе. Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, бо назардошти он ки ҷаноби Раҳмонро дар ин сафар бештар вазирони блоки иқтисодӣ ва муҳоҷират ҳамроҳӣ мекунанд, масъалаҳои марбут ба бахшҳо матраҳ хоҳанд шуд. "Ин ба он маъност, ки ҳангоми ин сафар масъалаи сармоягузории мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ мешавад", - афзуд ӯ.
Аммо коршиносони рус мегӯянд, Маскав дар баробари хостҳои Душанбе дар бораи афзоиши сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афви муҳоҷирони корӣ ва сохтмони мактабҳои русӣ талабҳои худро дорад.
Маскав аз Душанбе чӣ мехоҳад?
Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Миёна, рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои Маскав нигоҳ доштани нуфузаш дар Тоҷикистон хеле муҳим аст.
"Ҳоло барои Маскав хеле муҳим аст, ки Душанбе шарики содиқ боқӣ бимонад, муносибати рӯ ба Русияашро тағйир надиҳад. Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид ҳам нашавад, дар Маскав ғамгин намешаванд. Аммо барои Маскав бисёр муҳим аст, ки Душанбе дар меҳвари нуфузи Русия боқӣ бимонад ва нагузорад, ки нуфузи кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико зиёд шавад. Ба пиндори Кремлин, президент Раҳмон ҳамин "статус-кво"-ро нигоҳ медорад ва намегузорад, ки нуфузи Чину Ҳинд ва кишварҳои дигар дар Тоҷикистон аз Маскав дида зиёд шавад", - шарҳ дод Дубнов.
Бар замми он ки беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекунанд, ин кишвар шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон аст. Гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли гузаштаи 2018 ба беш аз 1 миллиард доллар расид, вале дар ин доду ситад бештар Русия ба Тоҷикистон мол содир мекунад ва фоида мебардорад.