Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои як шаҳрванди Тоҷикистон бо пойгоҳи 201-и Русия. ВИДЕО


Даромадгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия. Акс аз бойгонӣ
Даромадгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия. Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон Пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанберо ба додгоҳ кашида, талаб дорад, ки дивизияи русӣ моликияти ӯро баргардонад.

Абдулҳамид Чақалов иддао дорад, ки дивизияи 201-ум ӯро аз ҳаққи истифодаи қаҳвахонааш маҳрум кардааст.

Вале Павел, як масъули дафтари матбуотии пойгоҳ аз ин қазия изҳори бехабарӣ кард ва мақомоти дигари воҳиди ҳарбии Русия аз шарҳи масъала худдорӣ намуданд.

Ҳалли баҳс имкон дошт, рӯзи 12-уми апрел дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба миён биояд, аммо ҳарду тараф ба мурофиа ҳозир нашуданд ва додрас Муҳаммадалӣ Рустамзода ҷаласаро ба вақти дигар гузошт.

Баҳси додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон бо пойгоҳи Русия се сол аст, ки идома дорад. Масъулони Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар аввал додгоҳ баҳсро ба фоидаи шаҳрванди Тоҷикистон ҳал кард, вале бо шикояти пойгоҳи 201-ум Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ ҳукми зинаи поёниро бекор намуд.

Абдулҳамид Чақалов, нафаре, ки пойгоҳи 201-ро ба додгоҳ кашидааст, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аст. Баҳси ӯ бо пойгоҳи 201 замоне сар шуд, ки зимни як қарори мақомоти Тоҷикистон дар бораи васеъ кардани қаламрави пойгоҳ қаҳвахонаи ӯ ба ҳудуди воҳиди низомии Русия гузашт.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Қаҳвахонаамро гирифтанд" Даъвои шаҳрванди Тоҷикистон бо пойгоҳи 201-и Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ба қавли як манбаъ дар мақомоти давлатӣ, ки нахост, номаш гуфта шавад, "бинои қаҳвахона қаблан аз ҳудуди пойгоҳ берун буд. Баъдан дар асоси шартномаи байнидавлатӣ ҳудуди дивизияи 201 васеъ карда шуд ва қаҳвахона ҳам ба ҳудуди дивизия гузашт. Аммо Чақалов ба ин норозӣ аст ва талаб дорад, ки ӯро ба дохили пойгоҳ роҳ диҳанд ва ӯ қаҳвахонаашро истифода барад. Масъулони дивизия ба ин иҷозат надоданд, чун он муассисаи низомӣ аст."

Чақалов мегӯяд, қаҳвахона то ҳоло низ моликияти ӯст, вале вай аз ҳаққи вуруд ба он маҳрум аст.

Судя ё додраси парванда Муҳаммадалӣ Рустамзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷад ва танҳо баъди анҷоми баррасӣ расман назар хоҳад дод. Аммо аз манбаъҳои мустақил ошкор шудааст, ки танҳо Пойгоҳи 201 тарафи ҷавобдиҳанда дар додгоҳ нест, балки ҳамчунин намояндагони Вазорати дифои Тоҷикистон ва Кумитаи замин низ ба мурофиа даъват шудаанд.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, баҳси мазкур миёни Пойгоҳи 201 ва шаҳрванд аст ва онҳо ҳаққи дахолат ба қазияро надоранд. Вале, ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, васеъшавии ҳудуди пойгоҳ бар асоси шартномае байни вазоратҳои дифои Тоҷикистону Русия сурат гирифт ва Кумитаи замин барои ин густариш қитъаи заминро муайян кард.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд, ҳудуди 7 ҳазор низомӣ дар он хидмат мекунанд. Ин хабар низ садо дода буд, ки солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад.

Абдулҳамид Чақалов мегӯяд, талоши бозгардони қаҳвахонааш ё дарёфти ҳаққи истифодаи он, ниҳоят иҷорапулии пойгоҳро то охир дунбол хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG