Дар Ишқобод ба нақлиёти ҷамъиятӣ ниёзи бештар пайдо шуд

Дар рӯзҳои охир нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон серодам шудааст. Ин дар ҳолест, ки кормандони пулис барои қатъи фаъолияти кирокашҳои хусусӣ рейдҳои махсус баргузор мекунанд.

Ҳамакнун автобусҳои ҷамъиятӣ ягона нақлиёте ҳастанд, ки дар пойтахти Туркманистон фаъолият мекунанд.

"Ин ҳам дар ҳоле, ки автобусҳо аз рӯи ҷадвали муайяншуда ҳаракат намекунанд. Мусофирон ним соат ё чиҳил дақиқа мунтазири автобус мемонанд. Ҳарчанд бояд дар ҳар 10-15 дақиқа як автобус ҳозир шавад. Болои ин автобусҳо лабрези мусофир ҳастанд. Одамон аз коргоҳ ва донишгоҳ дер мемонанд", - гуфт як сокини Ишқобод.

Ба гуфтаи ин сокин, як сабаби пур шудани автобусҳо аз мусофирон манъи ҳаракати кирокашҳо ё таксиҳои хусусӣ аст.

"Ҳоло таксӣ пайдо кардан имкон надорад. Барои ҳамин ҳамаи сокинон аз автобус истифода мекунанд", - гуфт сокини Ишқобод.

Ахиран вазири корҳои дохилии Туркманистон Искандар Муликов дар як ҷаласаи ҳукумат барои "сари вақт манъ накардани фаъолияти кирокашҳои хусусӣ дар пойтахт" танбеҳи сахт гирифт. Баъди танбеҳ гирифтани вазир кормандони пулис "шикор"-и таксиҳои хусусиро шуруъ карданд.