Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 15 апрел мулоқоти Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев барпо шуд. Ду президент баъди мулоқот изҳороти муштарак доданд.
Президенти Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Ӯзбекистон баҳои баланд дод. "Вазифаи ман он аст, ки ҳамкориҳои густардаи ду кишварро ҳифз кунам ва идома диҳад. Аз ҷониби худ ман ҳамаи талошамро хоҳам кард, ки муносибатҳои мо бидуни нуқсу монеа рушд кунанд", - гуфт Тоқаев.
Шавкат Мирзиёев ҳамтои қазоқашро ба муносибати президенти муваққат таъйин шуданаш табрик карда, ҳамзамон нақши Нурсултон Назарбоевро дар рушди муносибатҳои дуҷониба тазаккур дод. "Қазоқистон барои мо - ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ аст", - гуфт Мирзиеёв.
Сафари давлатии Тоқаев ба Тошканд идома дорад. Интизор меравад, ки ду президент дар маросими кушодашавии Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон ширкат кунанд.