Оғози фестивали театрии "Парасту" дар Душанбе

Субҳи рӯзи душанбеи 15-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2019" оғоз гардид.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин ҳамоиши фарҳангӣ 18 театри кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун мегузоранд.

Манбаъ мегӯяд, ин чорабинӣ бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷашнвора баргузории ду мизи мудаввар - яке дар мавзӯи "Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик" ва "Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон", дар назар аст.

Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба меҳмонони чорабинӣ намоиши ғайриозмунии "Шоҳ Эдип" (асари Софокл, коргардон Т. Розиқов)-ро пешниҳод менамоянд. Мақомот мегӯянд, тамошои ҳама намоишҳои озмунӣ ройгон аст.