СҶТ: дар задухӯрдҳои Либия беш аз 100 одам кушта шудааст

8, 2019

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) хабар медиҳад, ки аз 4 апрел ба ин сӯ дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар атрофи шаҳри Триполӣ, пойтахти Либия 121 нафар кушта ва 561 тани дигар захмӣ шудаанд.

СҶТ бо маҳкум кардани ҳамла ба мошини ёрии таъҷилӣ гуфт, фиристодани таҷҳизоти тиббиро ба Триполӣ идома медиҳад. Фармондеҳи ба истилоҳ "Артиши миллии Либия" Халифа Ҳафтар ва нирӯҳои ҷонибдори ӯ 4 апрел ба шаҳри Триполӣ ҳамла карда, онро ба муҳосира гирифтанд.

Дар Либия пас аз сарнагун шудани ҳукумати Муаммар Қазофӣ чандин гуруҳҳо талош доранд, ки идораи ин кишварро ба даст бигиранд. Як қатор гуруҳҳо бо дастгирии СММ ҳукумати созиши миллиро дар ғарби Либия ташкил дода, нирӯҳои ҷонибдори Ҳафтар гирди ба истилоҳ "ҳукумат дар Табруқ" ҷамъ омадаанд.