Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки имрӯз барои баҳс бо Владимир Зеленский рақибаш дар интихоботи президентӣ ба Майдони Олимпӣ ба Киев меравад.
Маълум нест, баҳс сурат мегирад, ё не, чун рақибаш ҳунарпешаи ҳаҷвнигор Владимир Зеленский гуфтааст, ки омода аст, панҷ рӯз баъд дар майдон бо Порошенко ва дар ҳузури мардум баҳс кунад. Зеленский дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина аз ҳама бештар раъйи мардумро ба даст овард ва Порошенко аз ӯ бисёр ақиб мемонад.
Бино ба назархоҳиҳо мумкин аст, дар интихобот Владимир Зеленский пирӯз шавад. Варзишгоҳи Олимпӣ гуфт, ки аз ҳарду номзад дархост гирифтааст, аммо аз яке 14 ва дуввумӣ 19-уми апрел аст. Гуфта мешавад, мумкин аст, номзадҳо танҳо биёянд ва бо тарафдоронашон суҳбат кунанд.
Маъракаи интихоботии Украина бо саҳнасозиҳо ҳамроҳ буд ва аз ҷумла бо нишон додани озмоиши тиббии ҳарду номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, ки оё шароб ва ё маводи мухаддир истеъмол кардаанд, ё не.