Интиқоди гуруҳҳои шиамазҳаб аз қарори Амрико

Ҳодӣ ал-Амирӣ, фармондеҳи "Бадр" дар Мосул, ки аз дасти ДОИШ озод шудааст.

Гуруҳе аз созмонҳои ниманизомии шиамазҳаб дар Ироқ қарори Амрикоро, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро созмони террористӣ номид, сахт танқид кард. Гуруҳи “Бадр”, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, рӯзи 13-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ имкон надодааст, ки чаҳор ё панҷ кишвар ба дасти гуруҳи ба ном Давлати исломӣ биафтанд.

Баъзе аз худи ин созмонҳоро Вашингтон ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардааст. “Бадр” як созмони иборат аз ихтиёринест, ки дар шикаст додани гуруҳи Давлати исломӣ ба ҳукумат ва нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико кумак кардааст.

Сухангӯи созмони мазкур Амрикоро ҳомии рақами яки террористон номида ва гуфтааст, қарори ин кишвар нисбат ба Сипоҳи Посдорон хандаовар аст. Созмони “Бадр”- ро Ҳодӣ ал-Амирӣ, фармондеҳи ироқие раҳбарӣ мекунад, ки ҷиноҳи Фотеҳи ӯ дар порлумони Ироқ дуввуми ҷиноҳи бузург ба ҳисоб меравад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 8-уми апрел эълон кард, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро ба феҳрасти гуруҳҳои террористӣ шомил кардаанд. Бори аввал аст, ки Амрико як ниҳоди давлатиро созмони террористӣ меномад.

Оятулло Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон ин қарорро “амали шарирона” номид. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, ки 100 ҳазор сарбоз дорад, дар иқтисоди кишвар нақши муҳим иҷро мекунад.