Қарори Хадамот тағйир наёфт. Нархи интернет дар Тоҷикистон боло рафт. ВИДЕО

Қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи боло бурдани нархи интернети мобилӣ, гуфтугӯҳои телефонӣ ва NGN ба иҷро даромад.

  • Ин қарор рӯзи 4-уми марти имсол содир шуда буд. Нӯҳ созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хостанд, ки мақомот қарори худро бекор кунанд. Онҳо гуфтанд, боло бурдани нархи интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла ба озодии баёнро маҳдуд мекунад.​
Қарори ниҳоӣ қабул шуд ва ҳамаи ширкатҳо аз ҳафтаи оянда нархномаи навро ҷорӣ мекунанд

Ҳукумат аз қарори Хадамоти зиддимонополӣ ҳимоят кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои мобилӣ дастур додааст, ки қарори Хадамоти зиддинҳисориро "бечунучаро иҷро кунанд". Қарор ширкатҳои мобилиро муваззаф мекунад, ки як мегабайт интернетро на кам аз 5 дирам фурӯшанд. Ин назар ба нархи ҳозира ду баробар зиёд аст.

Мувофиқи қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тағйирот дар нархи интернети мобилӣ бояд аз рӯзи 27-уми марти имсол ба иҷро медаромад. Аммо бо назардошти музокироти байни ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ иҷрои он ба таъхир афтод.

"Мо кӯшиши худро кардем"

Ғафурҷон Эркаев

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тақрибан се-чор рӯз пеш огоҳӣ дарёфт кардем, ки дар он аз номи ҳукумати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз чоруми март, таҳти рақами 301, бояд иҷро шавад".

Эркаев гуфт, тайи чанд ҳафтаи охир Анҷумани ширкатҳои мобилӣ якҷо бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ талош карданд, то ҳадди имкон қарори боло бурдани нархи интернетро нармтар кунанд. "Вале қарори ниҳоӣ қабул шуд ва ҳамаи ширкатҳо аз ҳафтаи оянда нархномаи навро ҷорӣ мекунанд. Ширкатҳои мобилӣ то ҳадди мумкин кӯшиш мекунанд, ки нархро боло набаранд, чун барои нигоҳ доштани муштариёнашон ҳавасманданд", - гуфт Эркаев.

Нархномаи нави ду ширкат

Рӯзи 13-уми апрел ду ширкати мобилии Тоҷикистон – "Мегафон" ва "Тселл" - нархномаи нави фурӯши интернети мобилиро нашр карданд.

Бар асоси нархномаи нави ҳарду ширкат як мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва аксиз 6,2 дирам ва нархи як гигабайти он 62 сомонӣ муқаррар шудааст. Қаблан нархи як гигабайт интернет аз 30 то 32 сомонӣ буд.

Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасмими боло бурдани нархи интернетро "ҷилавгирӣ аз паҳлӯҳои зараровари он" ва масъулони Кумитаи андоз "ҷамъоварии молияти бештар" ва "ҳифзи амният" донистанд.

​Аммо бархе аз коршиносон гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд мақомот мехоҳанд аз ин тариқ аз истифодаи васеи интернет пешгирӣ кунанд. Парвина Ибодова, коршиноси соҳаи мухобирот, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет маънои он надорад, ки мардум дигар аз ҳукумат танқид намекунанд".

"Интернет техника аст. Соли 1905 инқилоб сар зад ва ин на аз он хотир буд, ки онҷо телеграф кор мекард ва инро паҳн кард. Балки вазъият ҳамин хел буд. Набояд аз он тарсид, ки мардум аз тасмимҳои ҳукумат дар Интернет танқид мекунанд", - афзуд ӯ.

Суръати пасту нархи баланд. Чаро?

Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чанд вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бег Сабур дар бораи қарзи андоз, қудогӣ бо президент ва мушкили бехонаҳо. ВИДЕО

Мақомот қаблан "мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон"-ро сабаби суръати пасти интернет номида буданд. Аммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ваё заифи Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.

Мизизи гирди Радиои Озодӣ дар бораи нархи интернет:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

​Коршиносон: Тасмими боло бурдани нархи интернет "нодуруст" аст