Мурофиаи давлатӣ кардани амволи Муҳиддин Кабирӣ ва писараш

Муҳиддин Кабирӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон барои ба нафъи давлат мусодира кардани манзил ва нуқтаи савдои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва писари ӯ – Рӯҳулло Тиллозода – ба додгоҳ даъво пеш овардааст.

Сомонаи расмии Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми апрел иттилоъ дод, ки аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур доир мешавад.

Малоҳат Раҳмонзода додраси мурофиа таъйин шудааст. Мурофиаи аввал рӯзи 18-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешавад.

Рӯҳуллоҳ Тиллозода, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, рӯзи 13-уми апрел ин амали мақомотро "ғайриқонунӣ" хонд. Аммо дақиқ нагуфт, ки ин амвол чӣ қадар ва дар куҷо ҷойгир аст.

Муҳиддин Кабирӣ аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад. Соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ғоибона ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум карда буд. Аммо раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ донист.

Ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 дар кишвар фаъолият мекард. Мақомот онро ба барангехтани, ба гуфтаи онҳо, ошӯби нофарҷом дар моҳи сентябри он сол айбдор намуда, фаъолияташро манъ карданд.

Раҳбарони ҳизб ба хориҷ паноҳ бурданд ва мегӯянд, ин иттиҳомот асос надоранд ва ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҳизби мухолиф буд.