Саида Мирзиёева – духтари калонии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, муовини мудири Оҷонсии иттилооти назди президент таъйин шуд.
Ӯ дар ин мақом "имиҷи мусбати Узбекистон"-ро дар хориҷ таъмин хоҳад кард. Мирзиёева ҳамчунин кори Оҷонсӣ бо хадамоти матбуоти идораҳои давлатиро "танзим меекунад".
Саида Мирзиёева дар ин мақом Наргис Раҳимоваро иваз кард, ки чанде пештар барои изҳори назар дар бораи бисёрҳамсарӣ дар Фейсбук мавриди танқиди сахт қарор гирифт. Баъзе аз шарҳнависон ҳатто ӯро ба қатл таҳдид карданд.
Пас аз ин ҳодиса Наргис Раҳимоваи 35-сола "ба хотири амнияташ" ба рухсатии иҷборӣ фиристода шуд.
Аз ин пеш расонаҳо хабар доданд, ки Шаҳноза – духтари хурдии Шавкат Мирзиёев як раёсати Вазорати маорифро ба уҳда гирифтааст.
Дар шарҳи ҳоли президенти Узбекистон навишта шудааст, ки ӯ оиладор, соҳиби ду духтару як писар ва панҷ набера аст.
Мирзиёев соли 2016, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури нахустини Узбекистон, ҷилави қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказиро ба даст гирифт. Ӯ дар ҳукумати Каримов нахуствазир буд.