Аз омӯзгорони мактабҳои варзишии шаҳри Ишқобод талаб кардаанд, ки барои либоси варзишӣ 150 манатӣ супоранд.
"Аз ҳама талаб мекунанд. Аз ҳар мактаб бояд 5 нафарӣ дар чорабиниҳои моҳи солимӣ ширкат варзанд", - хабар дод як манбаъ.
Моҳи апрел ҳамасола дар Туркманистон моҳи солимӣ эълом мешавад. Бо ташаббуси ҳукумат дар саросари он кишвар дар моҳи мазкур чорабиниҳои варзишӣ доир мегардад.
Аз омӯзгорони мактабҳои варзишӣ ба ҷуз аз либос, 80-манатии дигар барои обуна ба маҷаллаи варзишӣ талаб доранд.