Ким таҳримкунандаҳои Куриёи Шимолиро ҳадафи мушак қарор медиҳад

Президент Ким Чен Ин гуфт, онҳое, ки бо умеди "ба зону нишондани мардуми Куриёи Шимолӣ" таҳрим эълом мекунанд, ҳадафи зарбаҳои мушакӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора хабаргузории марказии Куриё иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Ким Чен Ин, комёбии Куриёи Шимолӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии мустақил, сохтори сотсиалистӣ, истиқлоли технологӣ ва манобеъро кафолат медиҳад.

Ба иттилои хабаргузории Рёнхап, ин изҳороти Ким Чен Ин дар остонаи мулоқоти раҳбарони ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ -- Доналд Трамп ва Мун Чжэ Ин дар рӯзи 11 апрел дар Вашингтон, садо дод.

Пештар котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар сенат гуфта буд, ки Вашингтон метавонад маҳдудиятҳои зидди Пхенянро қисман коҳиш диҳад. Вале ба гуфтаи ӯ, қисми бештари таҳримҳо то рафъ шудани хатари ҳастаии Куриёи Шимолӣ мемонанд.

Президенти ИМА моҳи июни соли 2018 бори нахуст дар таърих бо раҳбари Куриёи Шимолӣ вохӯрд. Он замон ҷонибҳо дар робита ба халъи ҳастаии пурраи нимҷазираи Куриё бар ивази кафолати амнияти Куриёи Шимолӣ ба созиш расиданд.

Вале Трамп ва Ким Чен Ин дар саммити ахир, ки 27-28 феврал дар Ҳаной баргузор шуд, натавонистанд, ба созише бирасанд. Кохи сафед гуфт, намояндагони ду кишвар гуфтугӯро дар оянда низ идома медиҳанд. Трамп пас аз мулоқот дар як нишасти хабарӣ гуфт, мушкили асосӣ дар гуфтугӯ ин буд, ки Куриёи Шимолӣ талаб кард, дар ивази даст кашидани Пхенян аз силоҳи ҳастаӣ таҳримҳои зидди он пурра бекор карда шаванд. Вале ИМА ба ин розӣ нашуд.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, таслиҳоти ҳастаии Куриёи Шимолӣ аз 10 ё 60 дастгоҳи тарканда иборат аст.