Муовини вазири молияи Қазоқистон Берик Шолпанқулов 11 апрел дар ҷаласаи сенат гуфт, Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ) барои гузаронидани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар ин кишвар 12 миллиард танга (беш аз $30 млн) талаб дорад.
"КМИ имрӯз барои гузаронидани интихобот 12 миллиард танга талаб кард. Мо ҳоло меомӯзем, ки то куҷо ин дархост асос дорад ва аз натиҷааш хабар хоҳем дод. Эҳтимол аст, рақамҳо коҳиш ёбанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шолпанқулов, 70%-и маблағи мазкур ба маоши афроде сарф хоҳад шуд, ки барои кор дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҷалб мешаванд. Вазорат давоми ду рӯз дархости КМИ-ро омӯхта, хулосаи худро эълом мекунад.
Ба иттилои Вазорати молияи Қазоқистон, дар интихоботи президентии ин кишвар дар соли 2015 ҳудуди 5 миллиард танга сарф шудааст.
Президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев 9 апрел дар паёми худ ба мардуми Қазоқистон санаи интихоботи президентии ин кишварро 9 июни соли равон эълом кард.